Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии усулҳои самаранок ва шаклҳои амалисозии ислоҳоти милитсия

Мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки «Ислоҳоти милитсияро шурӯъ карда, мо медонистем, ки ин раванди бениҳоят мушкил аст ва ҳамзамон дар баробари ислоҳот боз проблемаҳо ва масъалаҳои зиёдеро ҳал намудан лозим аст.  Вале мо боварӣ дорем, ки ҳам кормандон ва ҳам ҷомеа зарурияти ин дигаргуниро мефаҳманд ва ислоҳот натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад».

Мавриди зикр аст, ки барои фаъолияти самараноки минбаъдаи милитсия имрӯз зарурият ба миён омадааст, ки дар он ислоҳот гузаронида шавад. Ин зарурият аз он вобаста аст, ки рушду инкишофи ҷомеаи имрӯза талаб менамояд, ки шаклҳои нави корӣ, усулҳои муосир ва тамаддунӣ, ёфтани роҳҳои зичи ҳамкорӣ бо ҷамъият ташаккул дода шуда, барои такмил додани симои корманди милитсия ва низоми ҳамаи мақомоти корҳои дохилӣ таъсири мусбат расонанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба Сафири САҲА дар Тоҷикистон Ивар Викки барои гузоштани саҳм дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медал «Барои ҳамкорӣ»-ро супурда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо орзу намуд.

Дар навбати худ Сафири САҲА дар Тоҷикистон Ивар Викки ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов барои ҳамкории зичу мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ин вохӯрӣ  қадами муҳиме дар ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ислоҳоти милитсия хоҳад гардид. 

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Солиева З.Т., мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Улф Билвинг ва дигар намояндагони САҲА Марии Грачев, Дорин Фазли ва Умед Эгамбердиев баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба лоиҳаи Стратегияи ислоҳоти милитсия иброз намуданд.      

Ҳамин тавр дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия як қатор масъалаҳо вобаста ба гузаронидани ислоҳот мавриди баррасӣ қарор гирифта, изҳори боварӣ карда шуд, ки ислоҳоти милитсия ба давлат ва ҷомеа фоидаи амалӣ хоҳад овард.  

 

Маҳбуба Гулова, майори милитсия

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика