Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳо дар доираи ислоҳоти милитсия дар шаҳри Бохтар

394

395Рӯзи 15-уми феврали соли 2019 бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) чорабиниҳо оид ба барномаи ислоҳоти милитсия дар толори ШВКД дар шаҳри Бохтар ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав бо омӯзгорону донишҷӯён низ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ғуломов Қудратулло, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар), кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ширкат варзиданд.
397Чорабиниро полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб оғоз намуда, вобаста ба талаботҳои Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва дастовардҳои Вазорат дар раванди ислоҳоти милитсия ибрози андеша намуд.
Мавсуф таъкид дошт, ки муҳим аз ҳама баланд бардоштан ва рушди тавонмандии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рафти амалисозии ислоҳоти милитсия ва ҳифзи иҷтимоии кормандони милитсия аз самтҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад.
Дар чорабинии мазкур Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ғуломов Қудратулло баромад намуда, вобаста ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа маърӯза намуд.
Қайд гардид, ки вазифаи асосии Шӯроҳо ба аҳолӣ расонидани маълумот оид ба тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» бо роҳи муҳокимаронии ҷамъиятӣ ибрози фикру андешаҳо, пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти милитсия ба гурӯҳи корӣ ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур, фаъолгардонии ҳамкориҳо бо ҳама Шӯроҳо мебошад ва ба мардум фаҳмонидани раванди ислоҳоти милитсия, корҳои ба сомон расонида дар доираи ислоҳот яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия ба шумор меравад.

398396

Инчунин дигар иштирокдорони чорабинӣ ба сухан баромада, оиди мақсади ислоҳоти милитсия, ки беҳтарсозии кору хизмат ва робита бо ҷомеа мебошад, ибрози назар намуданд.
Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба масъалаҳои мубрам саволу ҷавоб доир гардид.
Таъкид карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ баргузор карда мешаванд.
Офоқ Қодириён

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика