Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон

1090

Ҳафтаи сипаришуда Мизи мудаввар дар доираи фаъолият ҷиҳати дастгирии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои нақшаи вохӯриҳои Шӯрои ҷамъиятӣ бо нозирони минтақавӣ ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баррасӣ гардид.
Дар оғоз Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон Лоҳутӣ Шоҳназаров зикр намуд, ки ҳадафи асосии ҳамаи мо, ҳифз намудани ҳаёти осоишта, солимии ҷомеа, ободиву созандагӣ ва дар навбати худ мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия, дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад.

1091

Роҳбари гурӯҳи Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон Баротов Шаҳриёр доир ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро ва нақшаҳои дар пеш истода, тавассути слайдҳо ва расмҳо ба иштирокчиён шарҳ дода, хоҳиш намуд, ки дар оянда боз ҳам дар ин самт фаъолият барои ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳолӣ ҷоннок карда шавад.
Аз ҷониби ҳамоҳангсози барномаҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» Рустам Баҳридинов нақшаи фаъолияти муштараки Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон дар самти баланд бардоштани иттилоотнокии ҷомеа дар бораи ислоҳоти милитсия пешкаш карда шуда, оиди пурсиш ҷиҳати арзёбии сатҳи иттилоотнокии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар самти ислоҳоти милитсия, фаъолияти нозирони минтақавӣ, ҳамбастагии ҷомеаи шаҳрванди ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот дода шуд.

1092

Иштирокдорони мизи мудаввар дар баробари баррасии барномаи кори Шӯро дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлонро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар ин барнома фикру андешаҳои худро баён намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика