Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти шиноварони 3 дастаи Душанбе дар Чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ

1854

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд санаҳои 14 ва 15-уми август Чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии мамлакат Муҳаммадшоҳ Абдуллозода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ва масъулини Федератсияи миллии шиноварии кишвар иштироку суханронӣ карданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон нисбати варзиш ёдовар шуда ба Вазири корҳои дохилӣ, ҳамзамон раиси Федератсияи миллии шиноварии кишвар Рамазон Раҳимзода ҷиҳати рушди варзиши шиноварӣ, дастгирии шиноварон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои машқу тамрини онҳо, баргузории машқҳои пай дар пайи дастаҷамъонаи таълимӣ барои тими мунтахаби шиноварони кишвар, ки боиси рушди варзиши намуди шиноварӣ мегардад, изҳори сипос намуд.

185518561857

Қайд гардид, ки ҷалби аҳолии кишвар, хоса ҷавонону наврасон ба варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳ ба варзиш сол аз сол меафзояд. Имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ҷавонон варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим пайваста кушиш мекунанд. Зикр гардид, ки дар арафаи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани чемпионати мазкур ба рушду такомули маҳорати варзишгарон дар соҳаи шиноварӣ мусоидат мекунад.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза варзишгарон ва кулли ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун ворисони сазовори гузаштагони пурифтихор сифатҳои беҳтарини инсониро дар худ ташаккул дода ватандӯсту хештаншиноси ҳақиқӣ ва нисбати падидаҳои номатлуб боэҳтиёту оштинопазир бошанд. То ин, ки дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ оғоз ёфта, тайи ду рӯз дар намудҳои тарзи озод, брасс, баттерфляй, пуштнокӣ, эстафетаи 4х50 байни мардҳо ва ҳам байни бонувон дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр ҷараён гирифт. Дар ин чорабинии варзишӣ наздик 80 нафар варзишгарони гуногунсиннусол аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ иштирок намуданд.
Варзишгарони дастаҳои пойтахти кишвар, ки дар мусобиқа ҳам бештар ва ҳам фаъолтар буданд бо сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба чемпионати мазкур сафарбар карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки намуди шиноварӣ яке аз намудҳои фоиданоки варзиш ба ҳисоб рафта, барои машғул шудан ба он дар кишвари мо шароитҳои мусоид фароҳам аст. Онҳое, ки ба ин намуди варзиш машғул мешаванд ҷисману рӯҳан солиманд. Шиноварӣ ҳамчунин аз ҷониби табибон барои табобати як қатор бемориҳо тавсия дода мешавад. Бо дарназардошти ин аҳамияти шиноварӣ, ҳар як нафарро зарур аст, шиновариро омӯзад то дар баробари солим будан дар ҳолати зарӯрӣ аз ғарқшавӣ эмин бошад.
Баъди анҷоми чорабинӣ ҳайати ҳакамон ҳамаи ғолибону ҷоизадоронро муайяну қадрдонӣ намуданд. Ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳайати шахсӣ медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аз натиҷаи ғолибияти бештари варзишгарон дар ҳайати даставӣ мақоми аввалро варзишгарони дастаи Душанбе-1, ҷойи дуюм насиби шиноварони дастаи Душанбе-2 ва мақоми сеюми мусобиқа насиби шиноварони тими Душанбе-3 гардид.

1859186018611862186318641865

Ҷому ҷоизаҳои Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар фазои тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорон супорида шуданд.
Ҳамзамон аз номи Раиси Федетарсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳама варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Акбар Шарифӣ,
Абдурашид Рахимӣ.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика