Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истироҳату фароғат фаро гирифтани беш аз 100 нафар кормандону пайвандонашон

1898

Рӯзҳои истироҳатии 14-15-уми августи соли 2021, беш аз 100 нафар кормандони воҳидҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе бо аҳли фарзандону пайвандонашон, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорат ба истироҳату фароғат ва табобат фаро гирифта шуданд.
Осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар лаби дарёи Ромити шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, инфрасохтори бойи истироҳатию табобатиро дорост. Барои истироҳату табобат ба ин ҷо, на танҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва аз кишварҳои дуру наздик низ пайваста меоянд. Таваҷҷӯҳи онҳоро табиати зебо, иқлими мусоид ва имкониятҳои табобатию солимгардонии васеъ ҷалб месозад. Осоишгоҳи мазкур дар як вақт беш аз 180 нафарро қабул карда метавонад. Ҳамчунин, дар ин ҷо ҳамасола семинару дарсҳои омӯзишӣ ва дигар намуд ҷамъомадҳои корию ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.
Кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо наздиконашон тайи ин ду рӯз ба истироҳату табобат машғул гашта, баҳри фароғати онҳо барномаҳои маърифатӣ ва консертӣ, инчунин аз ҷониби мутахассисони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаҳои варзишӣ, аз намудҳои футбол, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот ташкил ва гузаронида шуданд.
Истироҳаткунандагон, махсусан наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишӣ ва маърифатӣ фаъолона ширкат варзиданд. Маҳфили шеъру сурудхонӣ ва саволу ҷавоб, яъне викторина дар мавзӯъҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, маълумот дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистону кишварҳои дунё истеъдодҳои ниҳонии ширкаткунандагонро нишон дода тавонист. Маҳфил хеле рангину ҷолиб баргузор гардид. Суруду мусиқиҳои дилнишини ҳунармандон ва рақсҳои дилангези кӯдакону наврасон ба истироҳаткунандагон хеле писанд афтод.
Аз натиҷаи сабқатҳои доиргардида низ ғолибони он муайян гаштанд. Дар мусобиқаи футбол панҷ даста ширкат намуда, дастаи «Динамо» ҷойи аввал, дастаи «Дастгоҳи марказӣ» ҷойи дуюм ва дастаи «Осоишгоҳи Садбарг» зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар мусобиқаҳои шиноварӣ, тенниси рӯи миз, шашкаю шоҳмот байни калонсолон, бонувон ва наврасон дар алоҳидагӣ ғолибони худро ёфтанд. Ба ғолибону иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

18991900

Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои кормандони милитсия, собиқадорон ва наздиконашон дар осоишгоҳҳову табобатгоҳҳои ВКД пайваста роҳандозӣ гардида, шароитҳои хизматрасониҳои ин муассисаҳо сол аз сол беҳтару хубтар гардида истодаанд.
Дар навбати худ, истироҳаткунандагон барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхориҳо миннатдории самимонаи хешро ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ баён доштанд.

Х. Солиҳов, Н. Ҷобиров




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика