Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Туҳфасупорӣ ба варзишгарони наврас

1913

Беҳуда нагуфтанд, ки варзиш қосиди сулҳ аст. Ҳамин аст, ки дар ноҳияи Шуғнон барои наврасон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба 50 нафар варзишгарони ноҳияи мазкур либоси махсуси варзишӣ ва лавозимоти зарурии варзишӣ тақдим карда шуд.
Туҳфаҳои ҷашниро дар майдончаи муосири маркази ноҳияи Шуғнон ба ҷавонону наврасон фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Суҳроб Рауфзода ва масъулини РВКД дар ВМКБ тақдим намуданд.

19141915191619171918

Варзишгарон дар вазъияти идона либосҳои нави варзиширо ба тан карда, баҳри дастгирии эшон аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдории худро баён намуданд. Ҳамзамон дар майдони навбунёди варзишӣ бо наврасони ноҳия акси хотиравӣ бардошта шуд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия,
Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика