Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти динамочиёни наврас

1877

Иштироки варзишгарони наврас дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар дохили кишвар боис мегардад, ки чеҳраҳои нави варзишӣ муаррифӣ ва баҳри дар сатҳи баланд тарбия намудани онҳо барои сабқатҳои минбаъда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешида шавад.
Ҳамин аст, ки аз 27-ум то 29-уми август дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат, муайян намудани беҳтарин варзишгарон дар дастаҳои варзишии ҷумҳурӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасони солҳои таваллудашон 2005-2007 аз намуди гӯштини юнону румӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарони навраси "Динамо"-и ВКД низ ширкат намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 20 даста аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуда, варзишгарони дастаи "Динамо" аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд. Ҳамин тавр, дар вазни 75 кг Низом Назарзода ва дар вазни 57 кг Муҳаммад Абдодов сазовори ҷойи якум гаштанд. Ҷойи дуюм ба Комрон Сулаймонов дар вазни 52 кг ва Аминҷон Қаҳҳоров дар вазни 41 кг муносиб дониста шуданд. Зинаи сеюми ин мусобиқа дар вазни 85 кг ба варзишгари наврас Мирзо Сулаймонов насиб гардид.

18781879

Ба ҳамин монанд, рӯзҳои 24-25-уми август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шаҳрӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2005-2007 аз намуди гӯштини юнону румӣ баргузор гардид, ки дар он 10 дастаи варзишии пойтахт ширкат карданд. Ҳамин тариқ, дар ин чорабинӣ динамочиён Низом Назарзода ва Аминҷон Қаҳҳоров дар вазнҳояшон сазовори мақоми аввал дониста шуда, дар зинаи дуюм бошад, дар вазни 41 кг Азамҷон Зафарзода, дар вазни 35 кг Имронҷон Зуҳуров ва дар вазни 85 кг ҷойи сеюмро Ардамеҳр Миршамсзода сазовор шуданд. Дар маҷмӯъ, аз тими "Динамо"-и ВКД 10 варзишгар ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика