Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду шоҳҷоиза насиби динамочиён

1880

12-уми сентябр дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ - гӯштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” доир гардид.

Дар Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.
Рақобатҳо дар вазнҳои 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг, +90 кг миёни мардон ва вазни 65 кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза - мошини сабукрав, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Дар ин сабқати сатҳи байналмилалӣ аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, Хайрандеш Муродзода дар вазни 60 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 70 кг сазовори ҷойҳои аввал гаштанд. Инчунин, динамочиён Муҳаммад Абдуҷалилов дар вазни 80 кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни +90 кг мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

1881188218831884

Бояд қайд намуд, ки дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ - гӯштингирӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ, фароҳам овардани имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар кишвар, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони кишвар ва ҷаҳон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонони ҷумҳурӣ миёни варзишгарони ҷаҳон ва ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Н. Ҷобиров




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика