Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти динамочиён дар мусобиқаи ҷашнӣ

371

Варзиш тарзи ҳаёти солим буда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи хоса дорад. Ҳамасола, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуда, ба онҳо ҷавонону наврасон ва собиқадорон ҷалб карда мешаванд. Инчунин, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар сабқатҳои гуногун иштирок намуда, ғолибият ба даст меоваранд.372

Рӯзи 12 ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши каратэ-кёкшинкай баргузор гардид.
373Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи каратэ-кёкшинкайи кишвар бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он 10 дастаи мактабҳои варзишӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 120 нафар кӯдакону наврасони варзишгар ширкат варзиданд.
Динамочиëн дар ин чорабинии варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани зинаҳои ифтихорӣ ноил гардиданд. Ҳамин тавр, онҳо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Н. ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика