Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Динамочиёни беҳтарини соли 2023

57

- Варзиш ҷиҳати такмилу обутоби пайвастаи ҷисмонӣ ва солимии инсон мусоидат намуда, баҳри пешгирии ҷинояткорию беҳудагардӣ ва тарғиби дӯстию бародарӣ, аз ҳама асосӣ, сулҳу субот саҳми беандоза дорад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ барои машғул гаштани ҳайати шахсӣ ба варзиш шароитҳои мусоид муҳайё карда шуда, баҳри ҳамқадами замон ва ноил гардидан ба дастовардҳои варзишӣ ва солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД барои омода намудани варзишгарон, алалхусус варзишгарони касбӣ аз тамоми имконияту шароитҳои мусоид истифода бурда, боварӣ аст, ки дар оянда низ сафи варзишгарони қобилиятнок ва риштаҳои нави варзиш бештар мешаванд, - зикр карда шуд рӯзи 29-уми декабр дар маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши ВКД дар соли 2023.58

Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода иштирок намуда, иброз дошт, ки маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзиши ВКД, ки дар асоси «Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад, ба ҳавасмандгардонии варзишгарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки аъзои Шурои ҷумҳуриявии «Динамо» ба ҳисоб меравад, равона карда шудааст. Боварӣ дорем, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тарғиби варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
59Ҳамчунин, мавсуф илова кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим диққати махсус зоҳир карда мешаванд. Пешвои миллат варзиш ва тарзи ҳаёти солимро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуда, таваҷҷуҳи ҳамагонро бори дигар ба дастгирӣ, тавсеа ва беҳбудсозии шароитҳои соҳа ҷалб намудаанд.60
Дар фароварди суханрониаш муовини Вазир гуфт, ки дар соли 2023 дастпарварон ва аъзои «Динамо»-и ВКД дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, аҳамияти варзиш ва омодагии ҷисмонии ҳайати шахсӣ бе баҳс муҳим буда, дар ин ҷода, ба ҳамагон кӯшишу ҳаракат ва саломатии бардавом таманно намуд.
61Сипас, маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои самти варзишии ВКД дар соли 2023 муайян карда шуданд.
Ҳамин тариқ, «Беҳтарин варзишгари сол» - лейтенанти милитсия Сомон Маҳмадбеков дониста шуд. Беҳтарин дар намуди бокс - лейтенанти калони милитсия Миҷгона Самадова, беҳтарин дар намуди ҷудо - Лоиқ Қудбиддинов ва миёни собиқадорон устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ генерал-майори мустаъфӣ Ҳабибулло Маҷидов дониста шуд.62
Ҳамзамон, «Беҳтарин варзишгар оид ба гӯштини самбо» - лейтенанти калони милитсия Бобоҷон Бобоев, «Беҳтарин варзишгар оид ба намуди самбои размӣ» - Масъуд Одинаев, «Беҳтарин варзишгар» оид ба намуди гӯштини юнону румӣ» - Асламҷон Азизов, «Беҳтарин варзишгар оид ба намуди футбол» - майори милитсия Сабурӣ Бахтиҷамолзода, «Беҳтарин варзишгари собиқадор дар намуди гӯштини самбо» - устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ полковники мустаъфӣ Хайрулло Назриев, «Довари беҳтарини сол оид ба намуди гӯштини самбо» - подполковники милитсия Карим Мерганзода, «Мураббии беҳтарини сол аз намуди ҷудо» - Иззат Худоив, «Беҳтарин варзишгари сол аз намуди вазнбардорӣ» - Асомуддин Сангов, «Беҳтарин варзишгарони сол оид ба намуди шиноварӣ» Екатерина Бордачёва ва Захар Пилкевич дониста шуданд.
63Ҳамзамон, дар ин маросим толори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД беҳтарин толори варзишӣ дар соли 2023 дониста шуд.64
«Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди тенниси рӯйи миз» - майори милитсия Мавҷуда Хусравзода, полковники милитсия Ҷобир Қурбонов, «Беҳтарин мураббӣ аз намуди таэквондо ВТ» - Рамазон Ғиёсов, «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди гӯштини ҷудо» - капитани милитсия Диловар Ҳалимов, «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди гӯштини самбо» - Шарифҷон Назриев, «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди гӯштини юнону румӣ» - Азиз Зарипов, «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди сангбардорӣ - Акбар Саломзода - «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди варзиши сабук» - сарбози қаторӣ Самариддин Азимов, «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди самбои размӣ» - лейтенанти калони милитсия Сафарзода Олимҷони Муродалӣ, «Беҳтарин мураббии сол аз намуди карате-кёкукшинкай» - Сайдаҳмад Раҳмонзода муаррифӣ шуданд.
«Беҳтарин варзишгар оид ба намуди футболи хурд» - майори милитсия Диловар Шерматзода, «Беҳтарин варзишгари ғайрикасбии сол аз намуди кикбоксинг» Абумуслим Одинаев, «Беҳтарин мураббӣ дар намуди варзиши касбии оташнишонӣ» - Абдурашид Саломзода полковники хизмати дохилӣ, «Беҳтарин варзишгари собиқадор оид ба намуди футболи хурд» - подполковники милитсия Умар Раҳимов дониста шуданд.
Дар охир ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти ВКД Сипоснома ва Ифтихорномаҳо супорида шуданд. Ҳамзамон, ба як қатор нафарон барои саҳм гузоштан дар пешрафти варзиш ва дастгирии варзишгарон аз номи роҳбарият туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика