Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020
Мутобиқи моддаи 7 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, дигар ташкилоту муассисаҳо иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2014 № 296
ш. Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>