Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Густариш ёфтани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ

188

Ҷиҳати боз ҳам тақвия бахшидани ҳамкории кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар амал тадбиқ намудани барномаи ислоҳоти милитсия ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, аз тарафи роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа баргузор мегардад.
Чунин як вохӯрии судманд аз ҷониби сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ, омӯзгорон, имомхатибон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Вохӯрии мазкур тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлон бо тартиби нақша-чорабиниҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ монда шуд, ки ба хотири беҳбуд бахшидан ба рафти фаъолияти кормандони милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории кормандони милитсия бо мардум мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён оид ба содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, масъалаҳои доғи рӯз аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидон ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақамҳои дақиқ суханронӣ намуданд.

189190

Қайд гардид, ки риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ, аз ҳар як узви ҷомеа, алалхусус аз падару модарон ва фарзандон талаб карда мешавад, зеро оромиву осоиштагии ҳар як миллату давлат аз ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни аҳли ҷамоатчигӣ бо кормандони милитсия саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.
Офоқ Қодириён




Рӯйдодҳо

  • Ғаллазорҳоро аз сӯхтор ҳифз бояд кард!

    Баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар заминҳои ғаллазор ва хӯроки ....

    18.07.2019 09:17
  • Ронандаи автомашинаи «ГАЗ-53» ронандаи “Старекс”-ро пахш кард

    Рӯзи 17-уми июли соли 2019, тахминан соати 20:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    18.07.2019 09:13
  • Пешравӣ дар ҳама самтҳои хизматӣ: Дар мақомоти милитсияи пойтахт натиҷаҳои ....

    Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ҷиҳати таҳлилу ....

    17.07.2019 10:11
  • Марди қаблан судшуда даст ба ҷинояти дуздӣ зад

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 36-солаи сокини ....

    17.07.2019 09:11
  • Дучархаронии ноболиғ ва нафақахӯр боиси ҳалокати онҳо гардид

    Рӯзи 15-уми июли соли 2019, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    17.07.2019 09:10
  • Боздошти зани 26-сола бо гумони дуздии ҷавоҳирот

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 35-солаи сокини ....

    16.07.2019 09:26
  • Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ ҷиноят аст!

    Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи ....

    16.07.2019 09:24
  • Ду садамаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз

    Рӯзи 14-уми июли соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    16.07.2019 09:22
  • Ҳаракати гурӯҳӣ - сабабгори тамбашавии сунъӣ дар роҳҳо

    Яке аз қоидавайронкуниҳое, ки боиси ба вуҷудоии тамбашавии сунъии воситаҳои ....

    16.07.2019 08:51
  • Эътимоду боварии шаҳрвандони хориҷӣ ба «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои ....

    Рӯзи 13-уми июли соли 2019, соати 14:33-дақиқа, аз Штатҳои Муттаҳидаи ....

    15.07.2019 14:40
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ....

    10.06.2019 11:39
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    04.06.2019 12:22
  • РБДА хабар медиҳад!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    29.05.2019 16:16
  • Эълон!!!

    Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    27.05.2019 14:38
  • 20.05.2019 16:19
  • ЭЪЛОН!!!

    Рӯзҳои 16-18-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи ....

    15.05.2019 14:59
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonuno

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика