Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа

388Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту чинояткорӣ муҳим арзёби гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таи чанд соли охир бовариву эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хусус милитсия боз ҳам вусъат ёфта, саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноят назаррас аст. Кормандони милитсия пайваста вохӯрию чорабиниҳои фаҳмондаҳиро бо мардум доир менамоянд. Чанд муддат мешавад, ки бо супориши роҳбарияти ВКД кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ниҳодҳои он дар ноҳияҳо, дар маҳаллаҳо ва дар масҷидҳо бо мардум вохӯрӣ доир намуда истодаанд. 

Дар ин вохӯриҳо як қатор кормандони пуртаҷрибаи Хадамоти мазкур баромад намуда, оид ба татбиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва зуҳур кардани ҳаргуна касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ СПИД) ва пешгирии ғарқшавии ноболиғон бори дигар таъкид намуданд.

Ҳангоми сӯҳбату вохӯриҳо қайд гардид, ки иҷроиши қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гиранд. Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят кардан метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои насли наврас ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо ин насли ояндасоз ва аҳли ҷамоатчигӣ бояд бештар ба роҳ монда шавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Дилшод ХОЛОВ,
Гурӯҳи матбуоти ХПҲНҶ ВКД.




Рӯйдодҳо

  • Кормандони милитсия якчанд ҳолати дуздиро ошкор карданд

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 25-солаи сокини ....

    22.10.2019 11:16
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

    Рӯзи 21-уми октябри соли 2019, тахминан соати 06:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    22.10.2019 11:14
  • Вохӯрӣ бо намояндагони САҲА дар доираи ислоҳоти милитсия

    Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои пайвастаи ....

    22.10.2019 11:09
  • Вохӯрӣ бо аҳли ҷамеа дар ноҳияи Носири Хусрав

    Тибқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ....

    22.10.2019 11:03
  • Дуздии қубурҳои обгузари оҳанин

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи ....

    21.10.2019 09:04
  • Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шоҳмансур

    Рӯзи 16-уми октябри соли 2019, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    21.10.2019 09:01
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил

    Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 23-солаи сокини ....

    21.10.2019 08:58
  • Маросими Савгандёдкунии наваскарон дар шаҳри Турсунзода

    Рӯзи 19-уми октябри соли 2019 дар майдони И.Сомонии шаҳри Турсунзода, ....

    21.10.2019 08:40
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-солаи сокини ....

    19.10.2019 09:47
  • Вохӯрӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ

    Бо мақсади барқарор намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчӣ, ....

    18.10.2019 10:42
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • Эълон оид ба баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ

    Рӯзи 31-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули ....

    24.09.2019 14:19
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    28.08.2019 15:04
  • Муроҷиат ба шаҳрвандон дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    09.08.2019 11:14
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ....

    10.06.2019 11:39
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    04.06.2019 12:22
  • Ҷаҳони имрӯз

    Рӯзи панҷшанбе дар Нидерландия қонуне, ки пӯшидани либоси пинҳониро маҳдуд мекунад, эътибор пайдо кард. Бино бар иттилои АМИТ «Ховар», хабаргузории «Казинформ» бо такя ба NL Times хабар додааст. Аз имрӯз либосе, ки рӯйро ба пуррагӣ мепушонад дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.Ин манъкунӣ ҳам ба фаранҷӣ ё ниқоб ва ҳам ба рӯпуш ва кулоҳҳои мотосиклронҳо, ки рӯйро комилан пинҳон мекунад, тааллуқ дорад. Агар шахс бо ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonun

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика