Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии ҳамоҳангсозии аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ

440

Рӯзи 31-уми июли соли 2019 вохӯрии ҳамоҳангсозии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферволд), Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб оғоз намуда, доир ба нақши муассири Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муфассал маълумот дод. Зикр кард, ки Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ва пешгирии зӯроварӣ дар оила бо аҳолӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом дода, дар ин ҷода саҳми намоён доранд.

441

Дар идомаи вохӯрӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Наврӯз доир ба Нақшаи кории Шӯрои мазкур, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар шаҳри Турсунзода (ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов) Мирзоахмедова Ҷамила вобаста ба Нақшаи профилактикии «Баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» Мавзуна Яминова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» Шаҳло Абдунабизода, ҳамоҳангсози лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар шаҳри Ваҳдат Муродова Муҳаббат ва ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ Шобудинова Рухшона доир ба лоиҳаи «Пешгирӣ ва паст кардани зӯроварӣ нисбати занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, доир ба ин масъала фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе Латипова Гулпарӣ ва Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар шаҳри Турсунзода (ҷамоати деҳоти Пахтаобод) Шарапов Қиёмитдин Нақшаҳои кории Шӯроҳои ҷамъиятии мазкурро муаррифӣ намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба ҳозирин барои иштироки фаъолона дар ҷараёни ислоҳоти милитсия ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати амалинамоии лоиҳаи «Таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занҳо» барору комёбиҳо таманно намуд.

442443

Дар хотимаи вохӯрии ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои мавҷуда мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо як қатор тавсияҳои муфид ироа гардиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Санаи 21-уми августи соли равон ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ....

    22.08.2019 10:01
  • ДУЗДӢ

    Санаи 21-уми августи соли равон ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Ҷ.Мирзоев, ....

    22.08.2019 09:57
  • Вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳияи Лахш, ки дар муассисаҳои олии Ҷумҳурии ....

    Рӯзи 20-уми августи соли 2019 сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ....

    21.08.2019 12:00
  • Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба воситаи корд

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    21.08.2019 10:52
  • Дуздии телефонҳои мобилӣ ва дигар таҷҳизотҳо

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    21.08.2019 10:49
  • Ошкор шудани 3 ҳолати қаллобӣ аз ҷониби як нафар

    Рӯзи 20-уми августи соли 2019, шаҳрванд Холмуродов Эраҷ, соли таваллудаш ....

    21.08.2019 10:47
  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ....

    20.08.2019 10:04
  • Дуздӣ

    Шаҳрванд Д.Раҷабова сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба кормандони милитсия ....

    20.08.2019 10:01
  • Ҷиноятҳои қаллобӣ

    Санаи 19-уми августи соли 2019, шаҳрванд Ш.Қурбонова истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили ....

    20.08.2019 09:57
  • Қочоқбар ошкор гардид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ....

    20.08.2019 09:55
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Муроҷиат ба шаҳрвандон дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    09.08.2019 11:14
  • Эълон!

    Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ....

    10.06.2019 11:39
  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    04.06.2019 12:22
  • РБДА хабар медиҳад!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    29.05.2019 16:16
  • Эълон!!!

    Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    27.05.2019 14:38
  • 20.05.2019 16:19
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Рӯзи панҷшанбе дар Нидерландия қонуне, ки пӯшидани либоси пинҳониро маҳдуд мекунад, эътибор пайдо кард. Бино бар иттилои АМИТ «Ховар», хабаргузории «Казинформ» бо такя ба NL Times хабар додааст. Аз имрӯз либосе, ки рӯйро ба пуррагӣ мепушонад дар биноҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.Ин манъкунӣ ҳам ба фаранҷӣ ё ниқоб ва ҳам ба рӯпуш ва кулоҳҳои мотосиклронҳо, ки рӯйро комилан пинҳон мекунад, тааллуқ дорад. Агар шахс бо ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonun

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика