Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Таъсири ҷаҳонишавӣ ба оила ва оиладорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон

1016Яке аз хусусиятҳои хоси замони муосир ин аст, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва ҷомеа зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ қарор мегиранд. Дар ин раванд, яке аз талаботи замони муосир низ ин аст, ки ҳар як миллати мутамаддин барои ворид шудан ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва таҳкими арзишҳову ормонҳои миллии худ дар низоми фарҳанги ҷаҳонии умумибашарӣ, пеш аз ҳама, бояд соҳибдавлат бошад, яъне давлати озоди миллии худро дошта бошад ва онро таҳким бахшад. Ҳамин тавр, дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ ва вуруди фарҳанги ғарбӣ ба фазои пасошӯравӣ, ки ба даврони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон рост омад, мардуми шарифи тоҷик, ки аз ибтидои ташаккули худ ҳамчун мардуми таҳаммулпарвару адолатхоҳ шинохта шудааст, аз як тараф мекӯшад, то дар низоми ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллии худро нигоҳ дорад, аз тарафи дигар онро бо шароити ҷаҳонишавӣ ҳамқадам гардонад. Талаботи дигари басо муҳимми замони муосир барои ҷомеаи анъанавии Тоҷикистон-қабул ва эътироф намудани ҳар як падидаи наву созандаи фарҳангӣ, аз ҷумла арзишҳои либералӣ мебошанд, ки онҳо халои фарҳанги миллии моро пур карда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат менамоянд. Дар замони муосир дар ҷаҳон ягон фарҳанги соф миллӣ вуҷуд надорад, балки дар фарҳанги ҳар як миллат ба ғайр аз унсуру падидаҳои ноби миллӣ, инчунин унсуру падидаҳои зиёде татбиқ меёбанд, ки бархе аз фарҳанги дигар миллатҳо «иқтибос» шуда, қисми дигаре аз онҳо хусусияти умумибашарӣ доранд. Дар баробари тасдиқи ин нуқта, инчунин, набояд фаромӯш кард, ки дар ташаккули миллат, таҳкими ҳувияту ваҳдати мллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши асосӣ ва ҳалкунандаро маҳз унсурҳои ноб ва худӣ, на иқтибосии он иҷро мекунанд. Миллати тоҷик на танҳо дар замони муосир, балки ҳамеша, дар тамоми давраҳои таҳаввули таърихии худ бо дигар миллатҳои мутамаддини ҷаҳон робитаи зичи фарҳангӣ дошт ва дар натиҷаи чунин робитаи тӯлонӣ унсурҳои зиёде аз дигар тамаддунҳо ва фарҳангҳоро ба хазинаи фарҳангиаш ворид кардааст. Дар замони муосир дар паёмади рушди васоиту технологияи иттилоотӣ ва густариши раванди ҷаҳонишавӣ, робитаи фарҳангии тоҷикон бо дигар миллатҳо боз ҳам зичтар гардида, дар натиҷа, фарҳанги милии мо тағйиру такмил ёфта истодааст. Дар ин раванд унсурҳои хурофотӣ, кӯҳнашуда ва нолозими фарҳанги миллӣ аз байн мераванд ва ба ҷои онҳо аз дигар фарҳангу тамаддунҳо унсурҳое қабул карда мешаванд, ки барои таъмини ниёзҳои имрӯзаву оянда ва татбиқи арзишу ормонҳои гуногуни миллии тоҷикон мусоидат менамоянд. Раванди ҷаҳонишавӣ вуруди бемайлони унсурҳои мухталифро аз фарҳангҳои ғарбӣ ба урфу одатҳои миллии мо фароҳам оварда истодааст, ки бештар ба оила ва оиладорӣ таъсири чашмрас гузошта истодааст. Оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши мӯҳиме дар ҷамъияти инсонӣ мебозад. Тӯли таърих оилаҳои қавӣ дар бунёди ҷамъиятҳои қавӣ саҳм гузоштаанд. Оила беҳтарин сохтор барои баркамол кардани фарзандон аст. Дар оилаи хушбахт, фарзанд медонад, ки падар ва модар ҳангоми бемориаш ба ӯ ғамхорӣ хоҳанд кард, ҳатто агар лозим ояд, бо навбат дар сари болинаш шабзиндадорӣ менамоянд. Тарбияи фарзанд аз давраи таваллуд оғоз ёфта, онро асосан дар ин кор саҳми арзанда мегузорад. Чунонки Имом Ғазолӣ дар китоби худ «Насиҳату-л-мулук» мефармояд «падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд». Дар ин маврид коршиносон ҳам чунин ибрози назар доранд, ки муносибати фарзанд ба таълим чӣ хеле ки бошад, муносибати ӯ дар оила ва зиндагӣ ҳам ҳамон шакл мегирад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсурулмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд. Устод Садриддин Айнӣ, низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбатии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд. Падари таърих Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан дидааст. Дар ин ҷода дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои ҳамешагии мост.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Рӯйдодҳо

  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ ....

    13.07.2020 08:38
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва шаҳри ....

    Рӯзи 11-уми июли соли 2020, тахминан соати 4:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    13.07.2020 08:36
  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика