Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тренинги омӯзишӣ вобаста ба тартиби ташкил ва пешбурди фаъолияти Нуқтаҳои сайёри милитсия оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

1525Дар иртибот ба "Соли Маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардидани соли 2024 тибқи дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, 11-уми июни соли 2024 дар ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи "Тартиби ташкил ва пешбурди фаъолияти Нуқтаҳои сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" барои кормандони милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ ташкил ва баргузор гардид.

1526Дар чорабинии мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизулло ва намояндаи Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Маҳмадиев Ҳайдар Холович иштирок намуданд.
1527Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода С.А., ба кори тренинг ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин барои иштирок намуданашон дар тренинг изҳори миннатдорӣ намуд.
1528Қайд гардид, ки дар тренинги имрӯза "Дастурамал дар бораи истифодабарии Нуқтаҳои сайёри милитсия оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" аз ҷониби мутахассисони Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
Қабл аз оғози кори тренинг Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода С. А. доир ба мавзӯи мазкур иброз дошт, ки соли 2015 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар доираи ислоҳоти милитсия» баргузор гардида, дар кори он лоиҳаи «Нуқтаи сайёри милитсия», ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад, муаррифӣ гардид.
Соли 2016 мо таҷрибаи пешқадами он кишварҳоро дар самти мазкур мавриди омӯзиш қарор додем ва бинобар доштани натиҷаҳои хуб, дар якҷоягӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо лоиҳаи «Таъсис додани Нуқтаҳои сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон»-ро омода намудем.
Ин лоиҳа аввалин бор соли 2018 дар конференсияи донорӣ дар шаҳри Душанбе ва баъдан соли 2019 дар шаҳри Вена дар ҷаласаи ҳарсолаи коршиносони полис муаррифӣ гардид.
Солҳои 2020-2021 лоиҳаи «Дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсис ва зиёд намудани шумораи «Нуқтаҳои сайёри милитсия» коркард шуда, он дар Низоми лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба қайд гирифта шуд.
Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамал оид ба тартиби истифодабарии «Нуқтаи сайёри милитсия» тасдиқ карда шуд ва мо ба татбиқи лоиҳаи пилотии «Таъсис додани «Нуқтаҳои сайёри милитсия» оид ба қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон» оғоз кардем.
Ҳамин тариқ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 17 «Нуқтаи сайёри милитсия» таъсис дода шудааст. Аз ҷумла дар:
1.Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Роғун ва Рӯдакӣ хизмат мерасонад;
2.Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ки ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Зафаробод хизмат мерасонад;
3.Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ки ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ ва Леваканд хизмат мерасонад;
4.Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ки ба ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор хизмат мерасонад;
5.Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Темурмалик, Ш.Шоҳин ва Балҷувон хизмат мерасонад;
6.РВКД дар ш. Душанбе (шаҳру ноҳияҳои ш. Душанбе)
7.ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус (Шаҳритус, Қубодиён ва н.Хисрав);
8.ШВКД дар н. Ховалинг (н. Ховалинг);
9.ШВКД дар ш. Кӯлоб (ш. Кӯлоб);
10.ШВКД дар н. Фархор (н. Фархор);
11.ШВКД дар н. Восеъ (н. Восеъ);
12.ШВКД дар ш. Исфара (Исфара ва Конибодом);
13.ШВКД дар ш. Панҷакент (ш. Панҷакент);
14.ШВКД дар н. Деваштич (Деваштич);
15.ШВКД дар ш. Турсунзода (ш. Турсунзода);
16.ШВКД-2 дар н. Рӯдакӣ ( н. Рӯдакӣ)
17.ШВКД дар н. Лахш (н. Лахш)
Мавриди зикр аст, ки дар як ҳафта на кам аз як маротиба гурӯҳи кории «Нуқтаи сайёри милитсия» ба минтақаҳои дурдасти аҳолинишин сафар намуда, арзу шикоятҳои шаҳрвандонро қабул мекунанд. Дар ҳайати гурӯҳ ҳатман нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иштирок мекунанд, ҳамчунин намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳайати он ворид ҳастанд.
Дар раванди вохӯрӣ, инчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ ширкат меварзанд. Дар ҷараёни сафар роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва нозирони минтақавӣ дар назди аҳолӣ ҳисобот медиҳанд, ки додани ҳисоботи нозирони минтақавӣ дар назди мардум маҳз аз моҳияти ислоҳот бармеояд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар раванди фаъолияти Нуқтаҳои сайёри милитсия аз ҷониби кормандони милитсия вазъи ҷиноии минтақаи хизматӣ шарҳ дода мешавад. Аҳолӣ бошад бо ҳисси масъулиятшиносӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят бо кормандони милитсия ҳамкорӣ мекунад.
Дар фаъолияти Нуқтаҳои сайёри милитсия занон - кормандони милитсия низ сафарбар мешаванд. Пеш аз ҳама бо занон, духтарон вобаста ба мушкилоти онҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дигар масоли мубрам аз ҷониби ҷавонон суҳбатҳои профилактикӣ анҷом медиҳанд.
Омӯзиши талаботи Дастурамал оид ба тартиби истифодабарии Нуқтаи сайёри милитсия аз ҷониби кормандони милитсия яке аз самтҳои асосии лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, пеш аз оғози фаъолияти ҳар як Нуқтаи сайёри милитсия дар минтақаҳо барои кормандони милитсия, аз ҷумла роҳбарияти сохтор семинари омӯзишӣ баргузор карда мешавад.
Дар ҷараёни тренинг масъалаҳои ташкили фаъолияти Нуқтаҳои сайёри милитсия ҳангоми сафар, ҳайати он, тартиби ҳисобдиҳии нозири минтақавӣ дар назди аҳолӣ, омода намудани ҳисобот дар шаклҳои тасдиқшуда, тартиби пур кардани китоби сафарҳо ва китоби муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар хотимаи тренинги омӯзишӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. ба иштирокчиёни тренинг барору комёбиҳо таманно намуд.
Самадзода Фаррух




Рӯйдодҳо

  • Мулоқоти судманд бо фаъолони шаҳри Конибодом

    20 июни соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ВКД ....

    21.06.2024 17:53
  • Ҳабси маъмурӣ барои халалдор намудани оромии шаҳрвандон

    17 июни соли 2024, тахминан соатҳои 21:00 ба 22:00, ронандаи ....

    21.06.2024 14:34
  • Ҳалокати 4 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

    18-уми июни 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Рав-4”, ....

    20.06.2024 19:28
  • Содир гардидани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    20.06.2024 19:19
  • Ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ аз хонаҳои истиқоматӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Левакант аризаи марди 43-солаи сокини шаҳри ....

    20.06.2024 19:18
  • Дастгир гардидани 3 нафар бо ҷурми ғорат намудани телефонҳои мобилии ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи ....

    20.06.2024 19:12
  • Маросими хатми афсарони ҷавони Коллеҷи милитсия

    15-уми июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ....

    18.06.2024 16:52
  • Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ

    16-уми июни соли 2024, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи микроавтобуси тамғаи ....

    18.06.2024 16:30
  • Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар тайи ду рӯз

    14-уми июни соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи боркаши ....

    17.06.2024 19:28
  • Ошкор шудани қаллобии марди 32-сола

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    15.06.2024 11:42
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои ....

    10 майи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ....

    07.05.2024 16:11
  • ЭЪЛОН

    Озмуни "Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ" Ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ....

    22.02.2024 13:08
  • Эълон! Дар ВКД Нишасти матбуотӣ баргузор мегардад!

    15-уми феврали соли 2024, соати 11:00, дар толори Вазорати корҳои ....

    13.02.2024 17:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

    Qonun25

    © 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика