Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни 9-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат»

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз 24 то 30-уми июни соли равон бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар шаҳри Душанбе озмуни 9-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» доир мегардад. 

Дар ин озмун 13 даста аз тамоми манотиқи кишвар оид ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Мақсади асосии озмуни «Нозирони навраси ҳаракат» пеш аз ҳама инкишоф додани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, гирифтани пеши рухдиҳии фалокатҳои роҳу нақлиёт, вазнинии оқибати онҳо бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷалб намудани диққати ташкилоту идораҳои марбута дар ин самт мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки нақши «Нозирони навраси ҳаракат» дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни кӯдакону наврасон назаррас мебошад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика