Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон! Дастрас намудани хонаи истиқоматӣ бо тариқи худмаблағгузорӣ

Ба маълумоти тамоми кормандон, собиқадорон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дастрас намудани хонаҳои истиқоматӣ тариқи худмаблағгузорӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардидааст.

Айни замон, сохтмони 4 бинои истиқоматии 16 ошёна дар кӯчаи Айнӣ-52, бинои истиқоматии 18 ошёна дар кӯчаи Деҳлавӣ-12 (дорои хонаҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ) ва 7 бинои истиқоматии 5 ошёна (дорои хонаҳои 1 ва 2-ҳуҷрагӣ) дар кӯчаи Айнӣ-124 А-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин бинои истиқоматии 9 ошёна, воқеъ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд (дорои 1 ва 3-ҳуҷрагӣ) бо боғчаи бачагона ва дигар шароитҳои муосир оғоз гардидааст.
Бинобар ин, хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани хонаҳои истиқоматии мазкур тариқи худмаблағгузорӣ бо нархи дастрас ба Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо ариза муроҷиат намоянд.
Шахси мутасаддӣ аз Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ Раҷабзода Кишваршоҳ. Телефон барои тамос: 933-03-00-00.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика