Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Академияи ВКД

 

121

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла чунин зикр намуданд:
«Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».
Ҳамин аст, ки чун дар дигар мақомоту идораҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун ташкилу гузаронида мешаванд.

122

Аз ҷумла, дар чорабинии бошукўҳе, ки рўзи 27-уми феврали соли равон дар саҳни Академияи ВКД доир гардид, маҳсули дастони курсантону омўзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, мусаввараҳои бозгўкунандаи табиати зебои диёр ва маконҳои таърихии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Роҳбарияти Академияи ВКД ҳамроҳи масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз гўшаҳои алоҳидаи тайёркардаи факултету шуъба ва шўроҳои Академия дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати фарқкунандаи ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аз дигар чорабиниҳои мушобеҳи Академия дар он буд, ки созмондиҳандагонаш дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро вобаста ба азхудкунии забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ сармашқи фаъолияти ҳамешагӣ қарор дода, курсантону кормандони ҷавони ҳар факултету шуъбаҳо зимни муаррифии гўшаҳои худ, дар назди меҳмонон бо забони русӣ баромад карданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар робита ба ин ташаббуси ташкилкунандагони чорабинӣ иброз намуд, ки чун соли 2018 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, интизор меравад, ки дар ин сол меҳмонони зиёд, аз ҷумла сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф меоранд ва табиист, ки бо донистани забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ тоҷикистониён ба таври шоиста метавонанд дастовардҳои диёри худ, таъриху фарҳанг ва манзараҳои зебои онро муаррифӣ намоянд.

123

Тавре ў илова намуд, чун дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дар Академияи ВКД низ ба масъалаи забондониву забономўзии курсантону омўзгорон ва кормандони ҷавон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Зимни боздиди меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсули дастони ҳайати курсантону шунавандагон ва омўзгорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд дода шуд. Хусусан, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов, Ақлиддин Авғонов ва Иноятулло Латипов маҳорату кордонии курсантон Маҳмадраҷаб Каримов, Азиз Мўсоҷонов ва корманди ҷавони Қисми навбатдории Академия, капитани милитсия Абдувоҳид Абдувоҳидовро, ки дар назди ҳозирин ба табақтарошиву оҳангарӣ ва кафшергарӣ машғул буданд, шоистаи таҳсин хонданд.
Тавре ин донандагони ҳунарҳои мардумӣ ба меҳмонони намоишгоҳ иброз доштанд, ҳамаи ин устокориҳоро онҳо аз падарону бобоёни худ ба мерос гирифта, имрўз дар баробари таҳсилу фаъолият дар ин таълимгоҳи касбӣ, ба чунин ҳунарҳо шуғл меварзанд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинии идона, ки зери навои мусиқӣ дар саҳни Академияи ВКД гузаронида шуд, ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии муовини аввали сардори муассисаи таълимии мазкур генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон Ҳаким ба гўшаҳои алоҳидае, ки факултету шуъбаҳо ва шўроҳо ба маърази тамошо гузошта буданд, баҳои баланд дода, онҳоро бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карданд.
Тавре созмондиҳандагони намоишгоҳи мазкур иброз доштанд, маҳфили идона дар асоси Нақша-чорабиниҳои асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он, шурўъ аз моҳи январи соли ҷорӣ, моҳе як маротиба дар ин таълимгоҳи касбӣ бо шаклу намудҳои гуногун гузаронида мешавад.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Умед ОЧИЛОВ




Рӯйдодҳо

  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:21
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

    Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.08.2020 11:18
  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика