Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохили Ҷумҳурии Ӯзбекистон вусъат меёбад

49

Рӯзи 1-уми июл бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ намояндагони мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ҳам вохӯрда чанд масоили марбут ба фаъолияти хизматии соҳаро баррасӣ ва барои мусоидат дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ тавофуқномаҳои нав ба имзо расониданд. 

5051

Иштирокчиёни ҷониби Ӯзбекистонро дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Ғайрат ва дигар шахсони расмӣ тибқи анъанаи меҳмоннавозии тоҷикона бо нону намак, эҳтироми хос ва бошукӯҳ пешвоз гирифтанд. Ба ифтихори меҳмонон дар саҳни гузаргоҳ барномаи фарҳангии тарғибкунандаи дӯстӣ намоиш дода шуд.
Ҷаласаи корӣ бо иштироки зерсохторҳои наздисарҳадии Вазорати корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар толори хурди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон бо вилоятҳои Самарқанд, Тошкант, Сирдарё, Фарғона, Ҷиззах ва Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад буда, дар кори ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ аз ин минтақаҳо иштирок доштанд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал - майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва ҳайати меҳмонон бо роҳбарии сардори Департаменти ташкилии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Норгитов Шуҳрат Иркинович дар Ҷаласаи кории роҳбарони мақомоти корҳои дохилии наздисарҳадӣ ширкат варзиданд.

52535455

Дар кори ҷаласа тарафи Тоҷикистонро сардорони Раёсати ташкилӣ-нозиротии ВКД, Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Хадамоти шиносномадиҳӣ-бақайдгирии дастгоҳи марказии РВКД дар вилояти Суғд, Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Рудакӣ, Истаравшан, Конибодом, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод, Панҷакент, ҷониби Ӯзбекистонро сардорони Раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳои Ҷиззах, Тошкант, Фарғона, Сурхандарё, сардорони Раёсати ташкилӣ-нозиротии вилоятҳои Сирдарё ва Самарқанд намояндагӣ карданд.
Ин ҷаласа идомаи ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои дар сатҳи давлатӣ қабул шудааст, ки Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Ӯзбекистон генерал-майор Бобоҷонов Пулод Раззоқович ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ду ҷумҳурии бародарӣ, барҳам задани унсурҳои ҷиноятӣ бо ҳам мувофиқа кардаанд. Ва дар рафти ҷаласа маърузачиён натиҷаҳои ҳамкориро бо мисолҳои воқеӣ таъкид доштанд.
Масъалаҳои зимни ҷаласа баррасӣ шуда, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, мубодилаи иттилооти оперативӣ, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, пешгирӣ аз қочоқи молу маҳсулот, убури ғариқонунии марз, паҳн гаштани ғояҳои хусусияти ифротидошта, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди чинояткорӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами дар самтҳои гуногуни фаъолияти МКД Тоҷикистону Ӯзбекистон дидашаванда, дар санади ҳуқуқӣ барои тақвият бахшидани ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд.
Таъкид ёфт, ки ингуна ҷаласаҳо мунтазам ташкил карда шуда, мушкилоти ҷойдошта саривақт баррасӣ ва ҳалли худро ёбад. Намояндагони ВКД Тоҷикистону Ӯзбекистон омодагии хешро дар ин самт иброз доштанд.
Пас аз ҷамъбасти қисмати расмии ҷаласа ҳамкасбони тоҷику ӯзбек дар фазои дӯстӣ бо умеди фардои нек аз мавзеъҳои саёҳатӣ ва таърихии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он «Қасри Арбоб», осорхонаи таърихии «Қалъаи Хуҷанд», «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ», хона-мӯзейи шоири хушбаён Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд.

565758596061

Баъдан иштирокчиёни ҷаласаи корӣ дар тарабхонаи «Темурмалик», ки ба хотири Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалики диловар дар соҳили Сирдарё бо тарҳи киштимонанд сохта шуда, рамзи қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик бар муқобили қувваи бадиро таҷассумгар аст, барномаи фарҳангикунонидашудаи «Шоми дӯстӣ» доир намуданд. Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида иқдоми Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистонро заминаи воқеӣ дар таҳкими дӯстӣ байни миллатҳо унвон кард.
Зимни ҷараёни «Шоми дӯстӣ» паҳлӯи дигари самаранокии ҷаласаи кориро ҳарду ҷониб дар баробари ривоҷу равнақ ёфтани робитаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар дар пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва кушодани ҷиноятҳои содиршуда арзёбӣ намуда, ба ҳам армуғонҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Рӯйдодҳо

  • Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус

    Соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори ....

    24.05.2020 23:31
  • Қадрдонии ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ

    Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар РВКД ВМКБ ба бархе аз ....

    23.05.2020 12:46
  • Кӯмак ба кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ

       Хайру эҳсон яке аз амалҳои наҷиб ба шумор рафта, афроди ....

    23.05.2020 12:39
  • Дуздии 8 ҳазор сомонӣ аз дохили дукони нонпазӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 48-солаи сокини ....

    23.05.2020 09:58
  • Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 21-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.05.2020 09:56
  • Пахши пиразани 65-сола аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”

    Рӯзи 21-уми майи соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    22.05.2020 10:27
  • Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони ноҳияи Рашт

    Имрӯз (21.05.с.2020), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ....

    21.05.2020 18:49
  • Кӯмак ба фариштагони наҷот

    Рӯзи 20-май аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳри Хуҷанд ....

    21.05.2020 17:06
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи ....

    21.05.2020 10:04
  • Ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона аз ҷониби марди 33-сола

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    21.05.2020 10:02
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика