Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Мушовараи ВКД тариқи сайёр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид

91

Рӯзи 20 июли соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ дар шаҳри Кӯлоб, тариқи сайёр ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

92

Ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ҷаласаҳои сайёр – ин мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор додани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомот, баррасии воқеъбинонаи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Иқдоми дигари баргузории ҷаласа – ин аз наздик бо ҳамдигар шинос шудани ҳайати шахсӣ, рафту омади кормандон ба дигар минтақаи хизматӣ, огаҳӣ ёфтан аз шароити хизмат, муҳити корӣ ва таҳкими дӯстиву рафоқат ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли 2019 як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, конференсияи сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккил”, рӯзҳои 16-17-уми майи соли 2019 ва Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, рӯзҳои 14-15-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, ки обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро боло бурданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории сатҳи баланди чорабиниҳо, бахусус таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон дар рӯзҳои Саммит изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ расониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бар меоянд, корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич муфассал баромад намуд.

93

Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қайд карда шуд, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.
Ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар назди ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ барои нимсолаи дуюми соли равон як қатор вазифаҳо гузошта шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика