Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оташнишонон иди касбиашонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд

434

Рӯзи 30-юми июл дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба муносибати Иди касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид, ки дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, сардорону масъулини дигар раёсату ташкилотҳо, собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсии ин ниҳод иштирок намуданд.

Нахуст муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандону собиқадорони соҳаи оташнишониро бо иди касбиашон таҳният гуфта, афзуд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирию бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор вогузор карда шудааст.

435436

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ бо дарки амиқи ин мафҳум ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву осоиштагии рӯзгори мардум ва амнияту бехатарии онҳоро дар саросари мамлакат таъмин менамоянд.
Номбурда, инчунин илова намуд, ки яке аз бахшҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ Хадамоти давлатии оташнишонӣ мебошад, ки таърихи бою қадимӣ дорад ва рӯзи таъсисёбии онро ҳамасола бо дастоварду натиҷаҳои баланди хизматӣ таҷлил менамоем. Аз давраи таъсисёбиаш ин ниҳоди муҳими давлатӣ чанд насли худро иваз намуда бошад ҳам, вале марому мақсади фаъолияти он ягона аст: ҳифзи молу ҷони мардум аз оташ, ки он кори шарафманду пурифтихор аст.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ А. Навҷувонов иштирокчиёни ин ҷамъомадро бори дигар табрику таҳният намуда, ба онҳо тани солим, хонаи обод ва дар хизмати пуршарафашон комёбиҳои беназир таманно намуд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, дар навбати худ, собиқадорон ва ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишониро бо идашон муборакбод намуда, иброз дошт, ки кушодашавии қисмҳои оташнишонӣ дар нерӯгоҳҳои «Сангтӯда», «Роғун», дар ноҳияҳои Восеъ ва Сангвор, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар маросими ифтитоҳи бинои нави қисми оташнишонии ноҳияи Нуробод иштирок намуданд, исботи равшани дастгириҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ мебошад. Бинои қисмҳои оташнишонии ноҳияи Восеъ соли 2018 ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бошад, ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ моҳи июни соли 2019 аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин қисмҳо амнияти бехатарӣ аз сӯхтори маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти гуногуни хоҷагии халқро пурра таъмин менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи СХДО айни замон дар ноҳияҳои Балҷувон ва Файзобод сохтмони қисмҳои оташнишонии замонавӣ бомаром идома доранд, ки дар рӯзҳои наздик ин иншооти нав низ мавриди истифода қарор мегиранд.
Ҷавобан ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳо ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд вазифаҳои дар наздамон гузошташударо иҷро намоем ва боварию эътимоди роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилиро сазовор бошем.
- Таърихи зинда, фонди тиллоии Хадамоти давлатии оташнишонӣ собиқадорони он мебошанд, ки ба синну сол ва саломатии худ нигоҳ накарда, дар тамоми чорабиниҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ фаъолона иштирок намуда, маҳорати касбии худро ба насли ҷавон мунтазам меомӯзонанд. Инҳо Исроил Дадаматов, Бобоҷон Зоиров, Аваз Бобоёров ва даҳҳо тани дигар мебошанд, ки кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо чунин устодони худ ифтихор менамоянд, - зикр намуд сардори СХДО.

437439

Баъдан, собиқадори соҳаи оташнишонӣ полковники мустаъфии хизмати дохилӣ Аваз Бобоёров бо сухани табрикӣ баромад намуда, аз дастовардҳои навбатӣ дар ХДО ва тараққиёти ин соҳа изҳори назар намуд. Ӯ иброз намуд, ки пешравиҳо дар соҳаи оташнишонӣ назаррас буда, корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла дар қисму дидбонгоҳҳои СХДО ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ вусъати тоза пайдо намудааст, ки ҳамаи ин аз пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим далолат мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Иттиҳоди интернатсионалистони Тоҷикистон Шавкат Мирзоев бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз нақши оташнишонон дар бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор ва наҷоти одамон сухан ронда, сардори СХДО-ро бо медали ҷашнӣ аз Федератсияи Россия барои наҷоти одамон ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода қадрдонӣ намуд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ як қатор кормандон, дар умум зиёда аз 200 нафар аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва СХДО ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ баҳри эмин нигоҳ доштани молу амволи давлатӣ аз сӯхтор, пешгириву рафъи оқибатҳои он дар хоҷагии халқ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо нишони сарисинагии «Барои хизмати шоён» дараҷаҳои 1, 2, 3, медали «Милитсияи Тоҷикистон», Ифтихорномаи фахрии ВКД, медали ҷашнии ХДО ва Раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои молӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар ин чорабинӣ, ҳамчунин аз номи роҳбарияти ВКД ба СХДО воситаи нақлиёти тамғаи «Toyota Land Cruiser Prado», соли бароришаш 2019 тақдим гардид.
Дар қисмати фароғатии чорабинӣ ба ҳозирин аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳибистеъдоди Хадамоти давлатии оташнишонӣ барномаи консертӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешкаш гардонида шуд.
Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика