Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон – 2019» дар шаҳри Душанбе

444Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон – 2019» оғоз гардида, тайи ду рӯз (8-10 август) идома меёбад.

Дар ҷараёни Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон – 2019» муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлаталӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зина ба зина таъмин гардидани шароитҳои зарурӣ барои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дод.
Дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон – 2019» намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва кормандони шуъбачаи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД иштирок доранд.
Мақсад аз баргузории Форум ва Намоишгоҳи мазкур рушди ҳамкориҳо дар самти сайёҳии байналмилалӣ ва фарҳанг, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа иборат буда, дар рафти чорабиниҳо ба имзорасонии як қатор қарордодҳо ва созишномаҳо дар назар дошта шудааст.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика