Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Алмато

333

Рӯзҳои 8-10-уми августи соли 2019 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дирӯз ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.

Рӯзи 9-уми август ҷаласа таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Тургумбаев Ерлан Заманбекович оғоз гардида, дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Пулат Бобожонов ва намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоот дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) иштирок намуда истодаанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони сарраёсат, раёсатҳо ва департаментҳои дахлдори Вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур баррасии масъалаҳо оид ба вазъи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ зимни ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва фаъол намудани ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар мубориза бар зидди дуздии амволи ғайр дар назар дошта шудааст.

334335336

Мавриди қайд аст, ки ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба хотири пешрафти мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ, азнавсозӣ ва фаъолнокии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ, ки дар рафти вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ садо доданд, ҳар сол дар қаламрави яке аз давлатҳо доир карда мешавад.
Айни замон ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика