Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Хуҷанд дуюмин ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд

206

Нимаи дуюми рӯзи 23-уми август дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз як бинои ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 оғоз гардида дар муддати кутоҳ ба анҷом расонида шуд.

Фармоишгари ҳавзи шиноварӣ Идораи сохтмони асосии МИҲД шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ ҶДММ Идораи сохтмони №5- мебошад. Иншоот бо харчи 7-миллион сомонӣ бо назардошти талаботи зарури бунёд карда шудааст. Бино дорои 2-ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳамом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори машқ барои дустдорони намуди варзиши «Каратэ -До – Ҷундокан» мебошад.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки воқеан дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар рушд карда, барои машғул шудан ба машқу тамрин ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароитҳои зарури фароҳам оварда шуд.
Иншооти мазкур дуюмин ҳавзи болопушидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки барои қонеъ кардани сокинони шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он ба шиноварӣ пешбинӣ шудааст. Ва метавонад дар рушди соҳаи варзиши шиноварӣ замина гузорад.
Гармидиҳии бино низ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуда, ҳарорати он дар фасли сармо бо се намуди гармидиҳӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад. Барои иваз ва нигоҳ доштани ҳарорати оби ҳавзҳо системаи махсус амал мекунад.
Аъзоёни Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва варзишгарони ин риштаи варзиш, ки дар маросими истифодадиҳӣ иштирок доштанд аз фароҳам гардидани боз як имконият барои машқу тамрин хушҳол гардида аз сиёсати созандаи Роҳбари олии кишвар шукргузори намуданд.
Ҷоиз ба таъкид аст. ки дар вақти корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмааи варзишӣ 50-нафар сохтмончиён бо ҷойи кори доимӣ таъмин буданд ва пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 20-нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

207208209210

Атрофи ҳавзи шиноварӣ дар масоҳати 800-метри мураббаъ сафолакпуш ва 900-метри мураббаъ мумфарш карда шудааст. Ин ҳама ташаббусҳои созандагӣ дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи кишвар-30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст гирифта шудааст.

Акбар Шарифӣ
Суҳайлӣ Шарифзода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика