Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия

428

Имрӯз (27.08.с.2019), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, вохӯрии ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, роҳбарияти саррайёсату раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, Академияи ВКД, инчунин роҳбарият ва намояндагони ташкилотҳои Дафтари САҲА ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» баргузор гардид.

429Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, оғоз намуда ҳозиринро барои иштирокашон дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии шарикони иҷтимоӣ дар ислоҳоти милитсия арзи сипос намуд.
Умарзода Икром Ислом аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёни ҳамоишро барои кӯмакҳои машваратӣ, техникӣ ва молиявӣ дар самти такмил додани инфрасохтори Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон миннатдорӣ баён намуд.
Мавсуф зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии милитсия ин барқарор намудани ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад. Мақсад аз баргузории ҳамоиши имрӯза низ фаъолияти дастаҷамъонаи Вазорати корҳои дохилӣ ва шарикони иҷтимоиро дар раванди ислоҳоти милитсия натиҷагирӣ намуда, баҳри татбиқи самтҳои ислоҳоти милитсия дар ҳамбастагӣ тамоми имконияту воситаҳоро амалӣ гардонидан мебошад.
Зеро наздик кардани милитсия бо аҳолӣ, афзоиши эътимоди шаҳрвандон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи корманди милитсия байни мардум яке аз самти асосии ислоҳоти милитсия ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек дар баромади худ аз самтҳои раванди ислоҳоти милитсия, корҳои то ба имрӯз дар ин самт ба сомон расонидашуда ва натиҷаи фаъолияти самарабахши онҳо дар ВКД суханронӣ намуд.

430431432

Ҳамоҳангсози миллӣ Шодмонзода Фарҳодбек қайд кард, ки то ин ҷониб зиёда аз 50 марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, шӯроҳои ҷамъиятӣ, шуъбачаҳои сайёҳӣ ва нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис ва фаъолият намуда истодаанд, ки дар пешрафти самти фаъолият ва ҳамкории шаҳрвандон бо милитсия саҳми арзанда доранд.
Инчунин дар баромади худ оид ба нақша-чорабиниҳо ва ҳамкории шарикони иҷтимоии ВКД дар раванди ислоҳоти милитсия назди ҳозирин ибрози андеша намуд.
Сипас роҳбари ташкилоти байналмилалии Дунёи бехатар (Сейферворлд) Хирад Каргасов аз ҳамкориҳои судманди ВКД дар ин раванд суханронӣ намуда зикр кард, ки то кунун дар ҳамбастагӣ бо ВКД дар шаҳру ноҳияҳои манотиқи ҷумҳурӣ даҳҳо вохӯриву чорабиниҳо оид ба ислоҳоти милитсия бо аҳолӣ гузаронида шудааст, инчунин лоиҳаҳое, ки то ба имрӯз ба нақша гирифта шудааст қисмате иҷро ва қисмати дигар амалӣ гардида истодаанд.
Дар идомаи ҷаласа намояндаи дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, оид ба мусоидат ба раванди ислоҳоти милитсия Баҳром Абдуллоев ва афсари миллии САҲА оид ба алоқа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ҳайдар Маҳмадиев аз кӯмакҳои техникии расонидашуда, лоиҳаҳои амалигардида ва нақша-чорабиниҳои дурнамои барномаи мазкур баромад намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи баргузоргардида иштирокчиён баҳри пешрафт ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ва тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бори дигар ҳозиринро барои иштирок ва саҳми арзандаашон дар раванди ислоҳоти милитсия миннатдорӣ намуда қайд кард, ки ҳар яки моро зарур аст, шурӯъ аз афсари қаторӣ то роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳарчи бештар роҳу усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеаро коркард ва роҳандозӣ намоем, то ин ки сазовори эътимоди мардум бошем.




Рӯйдодҳо

  • Дуздии маблағҳои пулӣ ва телефони мобилӣ дар бозори “Корвон”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ....

    28.02.2020 12:42
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 38-солаи сокини ....

    28.02.2020 12:40
  • Сӯхтор дар ошёнаи 11-уми «Шарқи озод»

    Санаи 27 феврали соли 2020 соати 10:38 дақиқа дар Корхонаи ....

    28.02.2020 10:42
  • Боздошти марди 29-сола бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи ....

    27.02.2020 10:45
  • Ҳолатҳои рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи ....

    27.02.2020 10:43
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    26.02.2020 10:48
  • Боздошти зани 27-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи ....

    26.02.2020 10:46
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    26.02.2020 10:43
  • Боздиди волидон аз шароити хизматии фарзандон дар қисмҳои ҳарбӣ

    Бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати ....

    25.02.2020 17:10
  • Бо корд захмӣ намудани ҷавони 28-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    25.02.2020 10:08
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuno

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика