Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ВКД тариқи сайёр дар ноҳияи Рашт баргузор гардид

247

Рӯзи 18-уми октябри соли 2019 дар толори «Кохи Фарҳанг»-и ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёр доир ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ҷаласаҳои сайёр – ин мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор додани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии ҷузъу томҳои мақомот, баррасии воқеъбинонаи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Иқдоми дигари баргузории ҷаласа – ин аз наздик бо ҳамдигар шинос шудани ҳайати шахсӣ, рафту омади кормандон ба дигар минтақаҳои хизматӣ, огаҳӣ ёфтан аз шароити хизмат, муҳити корӣ ва таҳкими дӯстиву рафоқат ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.

248249

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба таҳкими суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдори ғайриқонунӣ мусоидат намуд.
Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат аз баргузории сатҳи баланди чорабиниҳо, бахусус таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон дар ин чорабиниҳо изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ расониданд.
Дар ин давра баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру вилоятҳо, ифтитоҳи бинову иншоотҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва дигар вохӯриву мулоқотҳо вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дода шудаанд, як қатор тадбирҳои зарурӣ ба нақша гирифта шуда, роҳандозӣ гардиданд.
Дар идомаи ҷаласаи сайёр сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич доир ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои се моҳи охири соли 2019 муфассал баромад кард.
Ҳамчунин муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуда, вазъи ҷинояткориро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

250

Қайд карда шуд, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.
Ҷаласаи сайёр доир ба ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ гардида, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

251252

Мавриди қайд аст, ки пеш аз баргузории ҷаласаи сайёр дар ноҳияи Рашт намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" доир гардида, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ба таърих, расму ойин ва ҳунарҳои мардуми ноҳияи Раштонзамин ошноӣ пайдо намуданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика