Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

260

Имрӯз (30.10.с.2019), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ин ниҳодҳои давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардорони шуъбаҳои рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамчунин ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат таъин гардиданд.
Аз он ҷумла:

268261

- генерал-майори хизмати дохилӣ Раҳмонзода Алихон Футур ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд;
- полковники милитсия Носиров Анвар Дурманович ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия;
- полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ;
- полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ;
- полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Шуъбаи№2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- подполковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Зубайзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
- полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахш;
- полковники милитсия Саидзода Қосим Шариф ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»;
- полковники милитсия Сайфуллозода Зафар Доранда ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;
- полполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб Раҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Муҳиддинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ;
- подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд;
- полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

262263264265266267

Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумат - рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба роҳбарону масъулини сохторҳои таъминкунандаи амнияту тартибот супоришҳои машаххас дода, таъкид намуданд, ки тарбияи кадрҳои ҷавону умедбахш вазифаи асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад.

«Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус зӯроварӣ ва ришваситонӣ аз масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд», - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика