Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили “Рӯзи Президент» дар ВКД

589

Истиқлолият, Президент ва Ваҳдати миллӣ 3 вожаи ба ҳам тавъаманд, ки наметавон якеро бе дигаре таллафуз ё тасаввур кард. Чунки Истиқлолият дар заминаи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилтару устувор гардид. Барои чунин ҳифзи дастоварди беназири таърих садҳо қавму миллат солҳо дар сайёра талош доранд, вале истиқлолияти миллӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ надоранд. Аммо мо бо сару садои баланд аз минбарҳои бонуфузи байналмилӣ бо ҳарфу лафзи тоҷикӣ ҳамчун миллати соҳибистиқлол баромад дорем, соҳиби тахту бахти миллати худ ҳастем. Барои соҳиб шудан ба дастовардҳои давлатию миллӣ омили асосии ин ҳама дар ваҳдату якдилии миллат аст. Ва хушбахтона мо аз чунин унсури хушрӯзии миллат - Ваҳдат бенасиб нестем. Ҳатто сулҳ ва ваҳдати миллати моро дигар кишварҳои олам ба худ таҷриба, дастурамал ва мактаби пешбурди сиёсати давлатӣ пазируфтаанд. Мо ҳама огаҳем ва ҳар нафас шукру ифтихор мекунем, ки чунин фазо ва муҳити ободу зеборо фитрат, хирад ва сиёсати оламободи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мо инъом кардааст.
Бо дарки ин мафҳум рӯзи 16-уми ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи ВКД бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар ин ҷаъмомад роҳбарият ва ҳайати шахсии МКД иштирок доштанд. Омӯзгори Академияи ВКД, подполковники милитсия Самизода Бахтиёр вобаста ба моҳият ва рукнҳои “Рӯзи Президент ” баромад карда қайд кард, ки аз водӣ то фарри қулла роҳ дорем, атроф мисли само кушода аст, ба касе, ба қавме ё миллате дари баста надорем. Оғуш ва чеҳраи мо аз азал боз буду ҳаст ва умедворам чунин хоҳад монд. Чунин озодӣ ва инсондӯстию беғаразӣ ҳамеша аз забони Сарвари оқили миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад ва миллат низ бо Пешвои худ ҳамеша ҳамовоз аст. Имрӯз номи сарвари давлат Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон яке аз серистеъмолтарин калима дар байни омма аст. Дар боғча, дар муассисаҳои таълимию ҳунарӣ, маҳфилу анҷуман хулоса дар ҳама ҷо хурду бузург бо ифтихор ва ғурури миллӣ номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ба забон меоварад.
Чунин маҳбубият, чунин арҷмандии Президенти мо далели хизмат, садоқат ва ғамхорию ободкориҳои ӯ ва ҷоннисориҳояшон ба миллати тоҷик аст. Пас чаро бо чунин Сарвар ва Пешвои миллатпавару ватансозе ифтихор накунем? Чи иқтидоми наҷибест, ки барои ин шахсияти беназири олами сиёсат санаеро дар тақвими давлатдорӣ «Рӯзи Президент» унвон додаанд.

591592

Бигзор ин сарзамин, ин мулки аҷдодӣ, ин диёри фарзандони фарзона ҳамеша якдилу соҳибдавлат бо Пешвои миллат бошанд!
Дар фарҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки мақоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон басо бузург аст. Аз ин рӯ ин санаи таърихӣ ҳар сол дар кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи давлатӣ ботантана таҷлил мегардад.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика