Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

314

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.

Иншооти навбунёд бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар он утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимӣ ҷой дода шудааст. Дар дохили бино мутобиқ ба талаботҳои муосир ва меъёрҳои хизматӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, қисми навбатдории даста бо дастгоҳҳои муосири мухобиротиву хатҳои махсуси алоқа таъмин мебошад. Утоқҳои кории кормандон бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, барои навбатдории шабонарӯзӣ утоқҳои алоҳида пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар дастаи махсус таваҷҷуҳи хоса ба обутоби бадан ва тамринҳои варзишӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар дохили иншоот толори барҳавои варзишӣ бунёд ёфтааст, ки он бо воситаҳои муосири соҳавӣ таъмин мебошад ва хизматчиёни ин ниҳод метавонанд аз толори мазкур истифода бурда, ба машқу тамрини бадан машғул шаванд. Ҳамчунин як толори барҳавои фарҳангӣ бо 100 ҷойи нишаст барои гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо бунёд ёфтааст. Дар дохили бинои мазкур толори хурди дигар мавҷуд аст, ки барои ҷаласаҳои фаврӣ ва вохӯриву суҳбатҳо пешбинӣ гардидааст.

323316317318

Ғайр аз утоқҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ буда, он ба аёниятҳои зарурии соҳавӣ, ки барои бозомӯзӣ пешбинӣ гардидаанд, таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар дохили иншооти мазкур хобгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфта, бо катҳои бароҳату замонавии хоб, рахти хоб ва мизу курсӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин утоқҳои алоҳида барои нигоҳдории сару либос бунёд ёфта, кормандони даста дар фурсатҳои холигӣ метавонанд аз хизматрасонии китобхона истифода баранд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард. Хизматчиён дар ин ошхонаҳо бо хӯроки гарму серғизо таъмин буда, дар анборҳои нигоҳдории молу маҳсулоти Дастаи махсуси зудамал ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин дар анборҳо сару либос ва дигар муҳимот мувофиқ ба оинномаи хизматӣ захира гардидааст.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил гардида, гирду атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимиву ҳамешасабз оро дода шудааст. Ҳамчунин бино дорои як майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони бо машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Ҳамчунин дар саҳни иншоот Пешвои муаззами миллат аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, дар тамоми вазъият имконияти корбариро доранд.

319320321322324325

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор адад нақлиёти корӣ тақдим карда шуд, ки барои фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад намуд.




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи ....

    Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари ....

    28.05.2020 08:48
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика