Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар иншооти ХД «Муҳофиза»

363

Дар доираи таҳким бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз он ҷумла дар мақомоти корҳои дохилӣ низ як қатор ташаббусҳои наҷиб роҳандозӣ гардида, ин тадбирандешиҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии диёр, тибқи нақша-чорабиниҳои муқарраргардида минбаъд низ идома меёбанд.

Рӯзи 11-уми декабри соли 2019 бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо шароити кору хизмат ва ҷараёни бунёдкориҳо дар ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар шаҳри Душанбе, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз якчанд шуъба ва баталиони Хадамоти мазкур дидан намуда, бо ҳайати шахсии ин бахшҳо вохӯрӣ кард. 

Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ иброз намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ барои хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ чандин биноҳои маъмурӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин замина, саъю талош карда мешавад, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар беҳтарин шароитҳои корӣ фаъолият намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон масъулият нишон дода, бар зидди ҳама гуна амалу зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд.
Роҳбари аввали ВКД зимни боздид аз Баталиони милитсияи ХДМ зикр намуд, ки корҳои ободонию созандагӣ дар ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии "Муҳофиза" ба пешрафти кору фаъолияти ин ниҳод ва дар умум, тамоми мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат хоҳад намуд.

367368370371372

- Боварӣ дорам, ки ҳайати шахсии Хадамоти давлатии Муҳофиза", ки ҳифзи иншооти муҳимми давлатӣ ва ғайридавлатиро ба уҳда доранд, дар баробари иҷро намудани вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ, ҳамзамон дар пешгириву ошкор кардани ҷиноятҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми босазои хешро мегузоранд, - афзуд Вазири корҳои дохилӣ. 

Рамазон Раҳимзода зимни шиносоӣ бо корҳои созандагӣ дар Баталиони милитсияи ХДМ ва Шуъбаҳои 1-уму 2-юми ХДМ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки аз таъмири наву замонавӣ бароварда шуда, ҳуҷраҳои кории кормандон бо техникаву таҷҳизоти зарурии корбарӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ҳайати шахсии ин ниҳодро барои садоқат ба касб, сазовор будан ба Савганди ҳарбӣ ва робитаи доимӣ доштан бо аҳолӣ даъват намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки биноҳои мазкур аз утоқҳои кории кормандон, қисми навбатдорӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти наву замонавии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ҷиҳозонида шудаанд.

364

Тавре масъулини ХДМ ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз намуданд, ҳайати шахсии ниҳоди мазкур дар ҷавоб ба ҳамаи ин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ВКД бо хизмати содиқонаву ташаббускориҳо саҳми худро дар пешрафти кори мақомоти милитсия ва ҳифзи иншооти муҳимми таъиноти гуногун хоҳанд гузошт.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • 14.08.2020 12:08
  • Боздошти марди 34-сола барои ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:21
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:18
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:16
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:15
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри ....

    Рӯзи 12-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    14.08.2020 10:13
  • Чорабинии зиддисӯхторӣ

    Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ....

    14.08.2020 09:33
  • Пешгирии масрафшавии беҳудаву барзиёди нерӯи барқ

    Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу ....

    14.08.2020 09:27
  • Ҳалокати ҷавони 26-сола дар натиҷаи қасдан расонидани зарари вазнин ба ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи ....

    13.08.2020 11:14
  • Ошкор шудани дуздии чорво ва мототсикл

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    13.08.2020 11:12
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика