Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

277

Мақсади асосӣ аз амалисозии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон боз ҳам наздик намудани робитаи ин мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ин нукта рӯзи 12-уми декабр дар маросими кушодашавии конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия», ки дар Академияи ВКД доир гардид, баён карда шуд.
Зимни ифтитоҳи ин чорабинии сатҳи баланд сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иброз намуд, ки «тайи ду рӯзи баргузории ин конференсия иштирокчиёни он масъалаҳои вобаста ба табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ ва такмили амалия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои наздиксозии равобити милитсия бо шаҳрвандон ҷиҳати ҳаллу рафъи мушкилоти рӯзро, ки марбут ба таъмини бехатарӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод».
Дар баромади худ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати меҳмононро ба диёри зебоманзари тоҷикон, хусусан ба Душанбешаҳри ҳамешабаҳор хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар кори гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд барору комёбиҳо таманно намуд.
Тавре ӯ зикр кард, «тайи чанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди амалисозии ислоҳоти милитсия бомаром ҷараён дорад, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва як қатор давлатҳои дӯст, дар доираи ин иқдом корҳои зиёдеро анҷом додааст. Муҳиммияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат дар ин сохтор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста ба Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зертобеи он ташриф меоранд».
Дар идомаи конференсияи минтақавӣ, ҳамчунин директори Шуъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ниша Прайер Синкх, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Saferworld» (Дунёи бехатар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирад Каргасов, муовини сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия оид ба илм, полковники политсия Павличенко Николай Владимирович, сардори Академияи Қустанайии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ш. Қобилбоев полковники политсия Биекенов Нурлан Амангелдинович, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ва чанде дигар суханронӣ намуда, бо намоиш додани слайдҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии кишварҳои худ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуданд.

279280

Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи минтақавӣ оид ба «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия», ки рӯзҳои 12-13-уми декабр дар шаҳри Душанбе идома меёбад, масъулини мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок доранд. Ҳамчунин, дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони як қатор сафоратҳои мамолики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар кори амалисозии раванди ислоҳоти милитсия бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, иштирок хоҳанд кард.
Аз ҷараёни ин чорабинии сатҳи баланд иловатан иттилоъ дода хоҳад шуд.

Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ




Рӯйдодҳо

  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ ....

    13.07.2020 08:38
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва шаҳри ....

    Рӯзи 11-уми июли соли 2020, тахминан соати 4:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    13.07.2020 08:36
  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика