Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо нозирони минтақавӣ

4O6A7634

Имрӯз (13.01.с.2020), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо нозирони минтақавии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ бо ишора ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 вобаста ба самти фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба хатари глобалӣ табдил ёфтани терроризму экстремизм, афзоиши ҷиноятҳо дар ин самт ва ҳидоятҳои мақсадноки Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз ин зуҳурот ибрози андеша намуд.

Дар баробари таъкиди муҳтаво ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ва истифода намудан аз дастурҳои дар он баён гашта, Вазири корҳои дохилӣ мушкилоти дар минтақаҳои маъмурӣ ҷойдошта, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ, хусусан бо иштироки ноболиғону ҷавонон, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, оқибатҳои ташвишовари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ва дигар мавзӯъҳои доғи рӯзро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматии нозирони минтақавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, таҳти №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», такони ҷиддӣ бахшид.
4O6A7571Дар ҷараёни вохӯрӣ ва сӯҳбати озоду самимӣ, нозирони минтақавӣ барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилот дар рафти фаъолияти хизматӣ таклифу пешниҳодҳои худро иброз дошанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба нозирони минтақавӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • 14.08.2020 12:08
  • Боздошти марди 34-сола барои ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:21
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:18
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:16
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:15
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри ....

    Рӯзи 12-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    14.08.2020 10:13
  • Чорабинии зиддисӯхторӣ

    Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ....

    14.08.2020 09:33
  • Пешгирии масрафшавии беҳудаву барзиёди нерӯи барқ

    Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу ....

    14.08.2020 09:27
  • Ҳалокати ҷавони 26-сола дар натиҷаи қасдан расонидани зарари вазнин ба ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи ....

    13.08.2020 11:14
  • Ошкор шудани дуздии чорво ва мототсикл

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    13.08.2020 11:12
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика