Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ДАСТПАРВАРИ БЕГОНАГОН

172Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.

Боздошти шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизби миллаткуш ин калому даъвии моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор корҳо намудаанд.
Ба майдонҳои алоҳида кашонидани мардум, аз саҳроҳои кору меҳнат ба саҳнаҳои ҷангу куштор таблиғ намудани аҳолӣ, рушди афкори мазҳабию таблиғи ақоиди шиаи исноашара, маблағгузорӣ намудан ба саркардагону размандагони мухолифин, таъмини силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва тамрини ҷавонон дар кишвари хориҷ маҳз аз ҷониби ин кишвари бо ном «дӯст» анҷом шудааст.
Хориҷиён барои таълиму тарбияи низомию динӣ ва идеологии ҳар як аъзои ТТЭ ҲНИ, ки аз Тоҷикистон ва ё аз кишварҳои дигар ба кишвари «дӯст» сафарбар мешаванд, хароҷоти зиёди молиявӣ намуда, аз макони истиқомат, то хӯрдану пӯшидану лавозимоти таълиму тамриноти низомии онҳоро таъмин намуда, илова бар ин барои ҳар як узви дастаҳои террористию низомии худ аз ҳисоби духтарони ҳарамсароҳои маблағгузоронашон ҳамсар низ ихтисос медиҳанд.
Ҳадафи аслӣ аз ин ҳама хароҷот танҳо тарбият намудани афроди фармонбардору ғуломсифате мебошад, ки онҳо арзишу муқаддасоти худро дар ризоияти хоҷагони охундияшон бидонанд ва хостаҳои онҳоро амалӣ намоянду мазҳаби шиаро қабул кунанд.
Аслан сиғазодаҳои наҳзатӣ дар ин аҳдофу стратегияи худ борҳо муваффақ низ шудаанд. Аз ҷумла дар солҳои 90-и қарни гузашта дар сарзамини Тоҷикистон афроди мушаххасеро тарбият намуда, маблағгузорӣ карданд ва кишвари Тоҷикистонро хостанд ба вартаи нестӣ кашанд. Шахсиятҳои миллӣ ва донишмандони фарҳехтаи кишварро ба қатл расониданд, авзои дохилии кишварро ҳассосу ваҳим намуданд ва як миллати воҳиду як давлати якпорчаро ба маҳалҳову гурӯҳҳову ҳизбу ҳаракатҳо қисмат намуданд.
Ғуломзодагони наҳзатӣ бо амри хоҷагонашон амал намуда, барои ризоияти мавлоҳои хеш бо хуни ҳаммиллатони худ таҳорат намуданд.
Аслан барои як давлати муқтадир чӣ зарурат аст, ки дар кишвари дигар ва он ҳам ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамтаъриху ҳамдин ин амалҳои нангину шармоварро роҳандозӣ намоянд? Ин дар ҳолест, ки 150 000 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, зиёда аз як милион нафар гуреза, 100-ҳо ҳазор кӯдак ятим ва миллиардҳо доллар бар иқтисодиёти давлати ҷавони Тоҷикистон зиёну зарари ин дасисаҳо ворид карда шуд.
Баъд аз расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар, ҳарчанд дасти дарози баъзе кишварҳои хориҷӣ дар муборизаҳо ва қатлу кушторҳои кишвар равшан буд, вале давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо он давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида, гузаштаро чун сафҳаи сиёҳи таърих фаромӯш намуд.
Вале юриши Мирзо Зиёев дар Тавилдара, гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ созмон додани Аловиддин Давлатов дар ноҳияи Рашт, бо зархаридони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳуҷум намудани Мулло Абдулло ва даҳҳо ҳодисаи дигар низ аз ҷониби дастпарвардаҳои мадориси террористии кишварҳои ба ном «дӯст» анҷом мешуд, вале ҳамоно кишвари Тоҷикистон аз роҳи дипломатия ва музокироту муколамаҳои дуҷониба хостори рафъи муаммову нофаҳмиҳо буд. Вале баъд аз шикасти гурӯҳи дастпарвардаҳои хориҷӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ин ҳизби хиёнатмаоб бо дасисаҳо ва маблағгузории ҳаммазҳабонаш ва бо саркардагии Абдуҳалим Назарзода – муовини Вазири дифои кишвар хостори табаддулоти давлатӣ ё худ кудатои низомӣ шуданд, вале боз шикаст хӯрдаву назди иродаи мардум ва иттиҳоди миллати тоҷик оҷизу нотавон шуданд. Таҳлили мантиқии ин муносибатҳо нишон медиҳад, ки ин амалкарди беруна аҳдофи стратегӣ дошта, ҳадафҳои бузургтаре дар пай доранд.
Хайруллои ФАЙЗИДДИН, бознашр аз «Минбари халқ»

 




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи ....

    Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари ....

    28.05.2020 08:48
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    27.05.2020 11:55
  • Ошкор шудани дуздии 5-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    27.05.2020 11:53
  • Муносибати бераҳмона нисбати хурдсолон беҷазо намемонад!

    Баъди тавассути алоқаи "Хабарнигори фаврӣ"-и ВКД ба милитсия дастрас гардидани ....

    27.05.2020 11:33
  • Иштироки фаъолонаи оташнишонон дар чорабиниҳои зиддивирусӣ

    Дар чорабиниҳои зиддиэпидемикию санитарӣ, ки ба хотири ҳифзи шаҳрвандон аз ....

    27.05.2020 11:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика