Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғаразҳои бадхоҳон ва нокомиҳои навбатии роҳбарашон

Аслан ба ҳар гуна ҳарза ҷавоб додан хуб нест, аммо ҳолате мешавад, бояд ба баъзе муддаиёне, ки даъвоҳои хешро аз номи миллат ва халқ баён медоранд, чизе бигӯйӣ. Баромади роҳбари ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаи наҳзати ислом аз зумраи онҳост. 

Ман намехоҳам, мисли роҳбари ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаи наҳзати ислом суханрониҳои беасос ва дуру дароз намоям, мехоҳам мухтасару кӯтоҳ нисбати гуфтаҳои ботили ӯ рӯшанӣ андозам, то ин гумроҳзада, мардумро бо баромадҳои иғвоангезонааш ба гумроҳӣ набарад.
Аввалин даъвои фитнаангезонаи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом он аст, ки «ҷумҳурӣ дар руйхати 25 давлати кашшоқӣ ҷаҳон қарор дорад. Дар соли 2015 буҷаи кишвар 3,5 миллиард доллар дошт, ки дар соли ҷорӣ ба 2,5 миллиард поён фаромад. Ҳукумат барои баланд нишон додани буҷаи кишвар 2,5 миллиард долларро ба сомонӣ ҳисоб карда, барои рӯйпӯш намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба мардум 20 миллиард сомонӣ гуфта, пешниҳод намудааст».
Дар ҷаҳон мамлакатҳои зиёде мавҷуданд, ки аз лиҳози тараққиёт ва пешрафт дар сатҳи олӣ қарор доранд, вале мутаассифона дар равиши масъалаи иқтисодӣ, қарзҳои гарон низ доранд. Мисоли ин гуфтаҳо кишвари Амрикост, ки қарзи ӯ марзи 22 триллион долларро убур кардааст. Пас аз ин гуна хулосабарориҳои бемантиқи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом, кишвари Амрико дар ҳолати қашшоқӣ қарор гирифтааст? Кишвари Амрико, бо вуҷуди ин қадар қарз, 32% аҳолии дунёро тавассути молиёт кӯмак карда истодааст. Аз ин рӯ, муомилаи қарзгирӣ ва додани он хоси давлату давлатдорӣ мебошад. Ҳатто ҳамон давлате, ки дар он ту паноҳандагӣ дорӣ аз мушкилотҳои рӯзмарраи иқтисодӣ холӣ нест. Масалан, кишвари Олмон, ки ту онҷо, тавассути хоҷагонат сару садо дорӣ, қарзаш зиёда аз 5 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ту имрӯз худро ҳамадону таҳлилгар тарошидаӣ, чаро дар баромадат ин рақамҳоро ба забон намеорӣ?
Камбудии дигаре, ки ту ба миён гузоштӣ, ин пешниҳод намудани маблағи буҷаи кишвар бо сомонӣ ва қурби он буд. Ту худро ғамғори миллат нишон дода, аз эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таърихию сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки меҳвари он пули миллӣ аст, бехабарӣ! Аз ин гузориши бемантиқат маълум мегардад, ки давлатҳои Чин, Руссия ё кишварҳои Аврупо, ҳангоми ҳисоб ва ба нақшагирии иқтисодии буҷаи хеш бо асъори миллии худ онро ҳисоб карда ба мардум пешниҳод менамоянд, яъне онҳо низ шаҳрвандони худро фиреб медиҳанд?
Ту агар аз илми иқтисодиёт хабар медоштӣ, чунин суханҳоро намегуфтӣ. Иқтисодиёт мисли организми зинда аст ва он бо мурури замон хусусияти пасту баландшавиро дорад. Ягон давлати муттарақии ҷаҳон аз ин раванд берун нест.
Барои ҳамин ҷои тазаккур аст, ки ту барои амалӣ намудани нақшаю амалҳои моҷароҷӯёнаат аз садҳо ташкилотҳои хориҷӣ ва ғайридавлатӣ маблағҳои калони пулӣ гирифтаӣ, аммо инро нишон намедиҳӣ. Ту дар ягонҷо кор намекунӣ, ягон ширкати хусуси надорӣ, пас ин қадар амалҳои террористиро ҳамаслаконат бо чӣ анҷом медиҳанд? Ту ва ҳизби террористиат дар дохили қарзҳои муҳими рӯзмаравӣ ғутидаед! Ин андешаҳои ту нисбати иқтисодиёти як сарзамин ё як давлати мустақил, аломати бемантиқии худи ту мебошад.
Матлаби дигаре, ки ин роҳбари дасисабоз пешниҳод намуд, ин Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфлис (банкрот) эълон кардан мебошад. Ин моҷароҷӯйӣ роҳгумзада мегӯяд: «Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон 7 миллиард доллари ИМА кӯмаки пулӣ расонида шуда буд. Истифодаи НБО-и Роғун ба қафо партофта шуд ва сабаби ҳамаи пастравиҳо шӯҳратпарастии як нафар аст, ки худро қаҳрамон хоҳад нишон дод».
Аз ҳама хандаовараш ин аст, ки нафаре орзӯи Президент шудан дораду худро ба ҷаҳониёну тоҷикистониён ватанпарасту миллатдӯст мехоҳад намоиш диҳад, талаб дорад, ки Тоҷикистон муфлис эълон карда шавад! Чи тавре дар боло ишора шуд, ягон давлати ҷаҳон, на мутарақиву на тарақикардаистода ва на қашшоқ аз қарздорӣ озод нест ва ин як раванди ҷаҳонист. Мо ҳатто аз Амрико ҳам мисол овардем. Танҳо шахси аз илми сиёсату иқтисодиёт ноогоҳ ва ё шахси душмани миллату давлат чунин пешниҳоду хулосабарорӣ мекунад.
Наворе, ки ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби ин роҳбари муғриз ба намоиш гузошта шуда буд, банда ҳамчун тамошобин назар кардам ва чунин хулоса намудам, ки ягон мустақилияти суханронӣ ва асоси илмӣ дар ӯ дида намешавад. Маълум аст, ки аз қафои ин намоишнома муғризин ва хоинон нишаста, наворҳои ба миён гузоштаашонро ба воситаи ин лӯхтак ба намоиш гузошта истодаанд.
Ин бешараф дар хусуси сохтмони Нерӯгоҳи барқию обии Роғун, ки ин иншооти аср аст, лофҳои бемаврид мезанад. Тоҷикистон ба ҳама монеаҳои сиёсиву иқтисодӣ нигоҳ накарда, ба бунёди НБО-и мазкур шурӯъ намуд. Миллати тоҷик ҳаргиз суханҳои Пешвои муаззами миллатро фаромӯш намесозад, ки гуфта буд, «Мо бо нохунҳоямон дили куҳро мекобему Роғунро месозем»! Ин суханони пурмӯҳтавои Сарвари давлат бо хатҳои заррин дар таърихӣ миллати тоҷик сабт хоҳанд шуд.
Роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом, ягонбор ба худ савол намедиҳад, ки барои ин миллат ва ин сарзамин кадом амали хайреро анҷом дода бошад. Кору амалаш танҳо ва танҳо исён овардану тафриқа андохтан аст.
Эй беҳавсалаи дар ғафлатмонда, андарзҳои пиронро ҳаргиз фаромуш насоз! «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Ба тамоми дастовардҳои замони истиқлолият ба назари манфӣ менигарӣ, ки ин шаҳодати бадбинии ту нисбати фарзандони ҷонсупурдаи ин миллату ин сарзамин аст. Ба назари банда, мухолифи сиёсӣ чунин рафтор намекунад!
Оне, ки бо забони шевои тоҷикӣ сухан мегӯяд ва худро аз Тоҷикистон мегирад, шармандагист, ки орзуи муфлисшавии кишварашро тариқи васоити ахбори омма мерасонад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ба андешаҳои ботили ту касе бовар надорад. Ба ту барин ровии пасипардагӣ айб аст, ки он кӯмакҳое, ҷаҳониён дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуми ранҷкашида ва хонавайрону оғуштаи хун кардаанд, ба он чашм ало кунӣ…ҳайф!!!
Роҳбари ҳизби дар кишвар мамнуъгаштаи наҳзати ислом дар баромади беасоси худ Тоҷикистонро ба давлати Швейтсария муқоиса менамояд! Андеша намекунад, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ пешвоён ва ҳамаслакони ӯ Тоҷикистонро ба вайрона табдил дода, ҷойҳои ободро ба хок яксон намуда, одамони бегуноҳро қатл ва чандин занҳоро бешавҳар ва тифлонро ятим гузоштаанд.
Ӯ аз системаи давлатдории Швейтсария огоҳӣ надорад, ки он аз сохти боқимондаи мамолики ҷаҳон фарқ карда, сабабҳои худро дорад. Ҳатто ӯ ба Олмони давраи Гитлерӣ ҳуҷум намекард. Сад ҳайф, ки ин бесавод то ҳол таъриху иқтисодиётро варақ назада, дар асл аз илмҳои рӯзмара дур будааст.
Бовар кунед аз мисолҳои овардаи ин роҳбари махлуқ шармам меояд. Сарзамине, ки онҷо ба воя расидаи як тарафаш гузошта, дар домони дигар кишварҳо мисли Швейтсария, Гурҷистон, Арманистону Озорбойҷон, Қирғизистону Афғонистон худро бешарафона овехтаӣ. Аз ҷангҳои Гурҷистон, Арманистону Озорбойҷон ёдовар шуда, талаб бар он дорӣ, ки Сарвари давлат аз ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар нашавад. Ин нуқтаро барои он мегӯйӣ, ки дар бесарусомониҳои замони ҷанги таҳмилӣ дасти қавӣ доштӣ!
Ин ғафлатзада то ҳол намедонад, ки дар Озарбойҷону Арманистон ҷанги шаҳрвандӣ набуд, балки ҷанг байни ду миллат ва давлат буд, ки алъон идома дорад ва Гурҷистон низ, ҳамчунин!
Сатҳи зиндагонии мардум дар кишварамон хуб аст, тамоми шароити арзанда барои сокинонаш муҳайё мебошад, шарти дигар нест, ки Тоҷикистонро бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон муқоиса намоӣ. Ба моҷаро ва иғвоангезиҳои ту касе гӯш намедиҳад, хоини ватанфурӯш.
Суръати пасти интернетро, ки зери суол қарор додӣ, ин проблемаи муваққатии соҳавист ва ҳамагон хуб медонанд, ки системаи алоқаи интернетии Тоҷикистон аз тамоми давлатҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла Россия пеш буда, бо давлатҳои Аврупо дар сифат баробарӣ дорад. Фазои итилоотии кишвар дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуда, ҳама намуди шабакаҳо, барои мизоҷон фаъоланд, зарурат ба таҳлили фазои иттилоотии Тоҷикстону Афғонистон аз ҷониби ту барин ҳаммадонҳо нест.
Сулҳи бадастомадаи Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо вирди забон оварда, ба кишварҳои ҷангзада тавсия медиҳанд, ки онро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд. Мардуми ҷангзада ва азияткашидаи афғон, низ талош бар он доранд, ки мисли Тоҷикистон дар кишварашон амну субот пойдор гардад.
Силсилатаҳлил ва суханрониҳои ғаразнок, бемантиқ ва ҳадафмандонаи роҳбари ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бар зидди сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи ҷумҳурӣ нигаронида шуда аст. Таҳлилҳои ноқис, бепоя ва шикастаи ин бешараф дар асл ниёз ба посухи илмӣ надорад. Аммо ба хотири рад намудани ақволи муғризона ва афкори чоплусонаи мавсуф лозими вақт аст, ки чанд ақоиди номутаносиби ин лаҷуҷаи гурезапоро маҳкум намоем.
Тавре, ки маълум аст ӯ яке аз саркардагони ташкилоти ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом буда, дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва ягон маълумоти дақиқи оморӣ ва саҳеҳ нисбати зиндагии мардум, авзои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҷамъятии Тоҷикистон надорад. Ӯ чун “каждуми зери бӯриё ва кӯршапаракҳои шабгард, нешзадан”-ро шеваи муборизаи идеологии худ касб кардааст.
Мо хуб медонем, ки бозиҳои сиёсӣ ва нағмаҳои ноҷури дар бозори сиёсии ҷаҳон ва бархӯрдҳои геополитикии қудратҳои манфиатдор падидаи тоза ва нав нест.
Ҳадафи асосӣ ва аслии ӯ пеш аз ҳама эҷод намудани кинаву адовати миллӣ алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нафратангезӣ нисбати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ӯ фаромӯш кардааст, ки халқи Тоҷикистон дигар ниёз ба макру фиреб ва манёврҳои сиёсии як даста хоинҳои ватанфурӯш надоранд. Барои мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама амнияти дастҷамъӣ, пешрафти иқтисодӣ, зиндагии ором ва хонаи обод лозим аст. Бидуни меҳнат ва саъю талош варзидан дар ҳеҷ давру замон касро зиндагии хуб насиб нагаштааст. Аз тезиси гуфтор ва хулосабардории ноҷавонмардонаи роҳбари ин ҳизби бемантиқ бар меояд, ки ӯ оддитарин дониши сиёсӣ ва маълумоти иқтисодӣ надорад.
Мусаллам аст, ки ӯ ва дастгоҳҳои иттилоотии он барои мавқеъёбӣ ва шахсиятсозии худ ҳар як рӯйдоди сиёсӣ, воқеа ва ҳатто ҳодисаҳои табииро, ки ба иродаи инсон вобастагӣ надоранд бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода месозад.
То вақте ки қадами нопоки ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом дар Тоҷикистон нарасида буд, мусалмонони тоҷик дар ҳавзаи мазҳаби ҳанафӣ дар муҳити дӯстию бародарӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Аммо пас аз падид омадани ситораи наҳси ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом дарвозаи фитнаву бозиҳои иртиҷоӣ дар муҳити динӣ ва фазои сиёсии кишвар кушода гашт. Мардуми шарифи тоҷикро ба майдони хун кашидед. Натиҷааш 4 сентябри соли 2015 бо дасти яке аз аъзоён ва муздурони кишварҳои хориҷӣ Назарзода А. ба миён омад, ки дар сари ҳамаи инҳо маслиҳат ва нақшаи ӯ роли муҳимро мебозид.
Ба самъи Шумо - Раиси ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъгаштаи наҳзати ислом мерасонем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ниёз ба эҷоди маслиҳатҳои душманӣ ва дурӯғпардозиҳои ту ва шайкаи ҷинояткорони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати ислом надорад. Хуб мешуд, ки аз дурӯғпардозӣ ва нафратэҷодкунӣ нисбати милллату давлати Тоҷикистон даст кашида, худро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун як шахсияти иғвоангези сиёсӣ ва мансабхоҳу мансабталаб муаррифӣ кардан аз феъли аҳмақона аст. Ҳарчанд, ки то кунун дар байни ҳеҷ давлати дунё як зарра эътибори сиёсӣ ва илмӣ надорӣ.
Хулосабандии ин аблаҳ аз ҳамаи ин гуфтаҳояш ба ин аст, ки мардуми кишварро аз иштирок дар интихоботи пешистодаи парлумониву президенти пешгирӣ кунад. Ин танҳо як маъно дорад, ки он ҳам пешгирии рушди ҷомеа ва давлат аст. Инро нафаре мегӯяд, ки иддаои раисии ҳизберо дораду даъвои миллатдӯстдориро мекунад.
Номи туро ба забон гирифтан ҳаром аст, лекин ту бишнав, ту сиёсатмадор нестӣ ва проблемаи ту танҳо дар бемории рӯҳият аст. Мардуми тоҷикро бо ин найрангҳои иттилоотиат гумроҳ насоз, ватани бегонаро, ки имрӯз ҳамчун ватан донистаӣ, дар фикри ҳал кардани камбудиҳои он бош!!!
Диншинос: Абдувалии Мирмаҳмад




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика