Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» аз оператори имконияти нави рақамӣ ба соҳибони мошинҳо кумак мекунад, ки дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда тавассути SMS огоҳ гардида, ба мушкилоти вобаста ба сари вақт напардохтани онҳо дучор нашаванд. Маълумот дар бораи қоидавайронкуниҳои сабтшуда пас аз пайдо шудан дар махзани Бозрасии давлатии автомобилӣ дастрас мегардад. Нархи хизматрасонӣ 7 сомониро дар як моҳ бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андози аксиз ташкил медиҳад.
Вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ( ҚҲР) метавонад ба таври автоматӣ бо ёрии видеокамераҳо сабт шавад. Дар ин маврид ронандагон аксар вақт аз ҷаримаҳо дер хабардор мешаванд. Ва ин бо мушкилоти нав таҳдид мекунад, масалан, мошинеро, ки ҷаримаҳои пардохтнашуда дорад, аз қайди Бозрасии давлатии автомобилӣ баровардан ва фурӯхтан мумкин нест. Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба соҳибони мошинҳо кумак менамояд, ки худро аз душвориҳо канор гиранд.
Моҳияти хизматрасонӣ аз ин иборат аст: истифодабаранда SMS-дархост бо матни «СТАТУС» ба рақами 0008 мефиристад. Агар дар махзани маълумоти Бозрасии давлатии автомобилӣ маълумот дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда мавҷуд бошад, соҳиби мошин паёми ҷавобиро бо нишон додани миқдори ҷаримаҳо ва намуди қоидавайронкунӣ, масалан, далели гузаштан аз ранги сурхи чароғак ё убур кардани хати яклухти роҳ қабул менамояд. Инчунин имконияти дидани аксҳоро аз камераҳои назоратӣ доред ва метавонед аниқ намоед, ки вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маҳз дар куҷо содир шудааст.
Ҳангоми набудани маълумот дар махзани Бозрасии давлатии автомобилӣ ба рақами истифодабарандаи хизматрасонӣ SMS бо матни «Аз рӯи мошини шумо ҷарима ошкор нашудааст» меояд.
Барои пайвасткунии «Шаҳри бехатар» ба муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар телефони худ рақамчинӣ кардани дархости *0008# ва пахши тугмаи даъват кифоя аст. Барои танзими пурра бояд рақами давлатии мошин ва рақами шаҳодатномаи техникӣ нишон дода шавад.
Дархостро ба рақами 0008 ҳар рӯз фиристодан мумкин аст. Сари вақт гирифтани маълумот ба дарҳол супоридани ҷаримаҳо ва пешгирии ҷамъшавии маблағҳои калоне, ки аз буҷети оила ҷудо намуданашон душвор аст, имкон медиҳад.
АКС: аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>