Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илмӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

 2

Дар Академияи ВКД бо ташаббуси кафедраи «Забонҳо» ва иштироки васеи роҳбарият, олимон,омӯзгорон ва курсантони Академия конференсияи илмӣ- назариявӣ дар мавзӯи «Накши омилҳои ичтимоӣ дар рушди забон»баргузор гардид.
Кори конференсияро сардори Академияи ВКД н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки маҳз дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони адабии тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҳамаҷониба рушд намуда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта, ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ баромад намуд.
Сипас, шоири халкии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавзӯи «Тоҷикистонро дигар қисмат макун», шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ дар мавзӯи «Забони модарӣ», мудири кафедраи таърихи забони тоҷикӣ ва типологияи ДМТ, доктори илми филология Саломиён Муҳаммаддовуд дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иҷтимоии забони адабии тоҷикӣ» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
 1

 3

Дар рафти конференсия курсантони курси якум дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.
Баъди анҷоми кори конференсия корманд-ҳаваскорони Академияи ВКД, донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, хонандагони мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоев, ҳунарманди шинохта Тобиш Ҳилолӣ бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.
Асламов Б.С.,
Сафарова С.Н.,
Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика