Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм"

416Агар қисмате аз сайёҳони хориҷӣ ба кишвари офтобрӯяи мо бо мақсади сайру саёҳат ва ҳаловат бурдан аз боду ҳавои мусоиди ҷумҳурӣ ташриф биёваранд, пас қисмати дигар бо ҳадафи барқарорсозии саломатии хеш ба Ватани аҷдодии мо сафар менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳу табобатгоҳҳои зиёде мавҷуд аст, ки дар онҳо барои қабули беморон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Яке аз чунин ҷойҳои зебоманзар ва барои табобату истироҳат муфид Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», воқеъ дар ноҳияи Варзоб мебошад, ки аз соли 1935 то инҷониб меҳмононро қабул менамояд. Ин осоишгоҳ дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар нишебии қаторкӯҳҳои зебои Ҳисор ҷойгир буда, дар атрофи он ҷангалҳои боҳашамат ҷой гирифтаанд. Дар ин макон барои сайёҳон ва истироҳаткунандагон тамоми шароитҳои истироҳативу маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм" ягона осоишгоҳест, ки дар он беморонро ба буғи радиоактивӣ муолиҷа мекунанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №31(483) аз 02-08-2018




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика