Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷакент

1020

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت ) (аз pncyknδh) дар забони суғдӣ, Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.
Номи шаҳри Панҷиканд (порсӣ: پنجكند ) аз ду бахш сохта шудааст: панҷ ва канд, яъне панҷ шаҳр. Ин ҷойном дар торихномаҳои қадим ва асноди бойгонии Деваштич дида мешавад. Бостоншиносон дар наздикии Панҷиканд шаҳраки Саразмро ёфтаанд, ки дар ҳазорсолаҳои IV — II то мелод вуҷуд доштааст. Панҷиканд то истилои араб яке аз шаҳрҳои номдори Суғди Самарқанд буд. Дар ибтидои асри VIII шаҳри Панҷикатро сипоҳи мусулмонон гирифт ва он аз шаҳрҳои Хилофати исломӣ шуд. Сипастар он шаҳре аз шаҳрҳои қаламрави аморати Сомониён буд. Дар садаҳои пасин низ Панҷиканд яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ дар Роҳи бузурги абрешим мақоми намоёнро ишгол карда, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳмгузорӣ намудааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ошкор кардаанд, ки шаҳри Панҷиканд дар 1,5 — 2 ҳазор соли ахир панҷ бор комилан бозсозӣ ва эҳё гардидааст.
Аз соли 1926 то соли 1930 Панҷиканд минтақаи мустақил буд. 23 ноябри соли 1930 минтақаи Панҷиканд барҳам дода шуд ва дар заминаи он ду ноҳия — Панҷиканд ва Заҳматобод ташкил ёфт, ки дорои 4 волост (ҳудуде, ки дорои як мақомот аст) буд. Соли 1953 ба шаҳри тобеи ноҳия ва аз 14 октябри соли 1959 Панҷиканд ба шаҳри тобеъи собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) табдил дода шуд.
Шаҳри Панҷиканд дар дараи рӯди Зарафшон ва шарқтар аз шаҳри Самарқанд дар баландии 900 метр аз сатҳи дарё ҷой дорад. Ин шаҳр бисёр ҷойҳои диданӣ, ёдгориҳои торихӣ ва меъморӣ дорад.
Дар канораи чапи рӯди Зарафшон наздики маркази шаҳр суфае ҷой дорад ки бозмонда аз вайронаҳои шаҳри садаҳои V—VIII милодӣ аст. Дар паи ковишҳои бостоншиносӣ дар ин суфа, ки 60 сол пеш оғоз шуда ва дар 30 соли ахир раҳбарияшонро бостоншинос Борис Маршак бар уҳда дорад, вайронаҳои шаҳри суғдӣ пайдо шуд ки дар оғози садаҳои миёна бисёр калону обод буда аст ва ҳамчунин деворнигораҳои зебои нигоргарони суғдӣ ёфт шуданд.
Каме ғарбтар аз Панҷиканд вайронаҳои рустои Саразм ҷой доранд, ки аз ҳазорсолаҳои IV—II пеш аз милод бозмонда ва пайвандҳои танготанги мардуми бумиро бо тамаддунҳои куҳани Ховари Наздик нишон медиҳанд.
Дар дараи Зарафшон 60 км шарқтар аз Панҷиканд рустои Панҷрӯд ҷой дорад, ки зодгоҳи сардафтари адабиёти порсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.
Оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки 37 км дуртар аз Панҷиканд дар яке аз дараҳои зебоманзари кӯҳсори Зарафшон ҷой дорад, яке аз ёдгориҳои меъмории тоҷикӣ дар садаҳои XII—XIV аст.
Шаҳри Панҷиканд замоне пойтахти подшоҳони Суғд, аз ҷумла Деваштич, буда ва дар замони аморати Бухоро маркази бекнишини Панҷиканд буд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика