Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фон (Кӯҳҳои Фон)

614

Фон (Кӯҳҳои Фон), кӯҳсорест дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ. Аз водии дарёҳои Арчамайдону Киштӯд (дар ғарб) то водии дарёҳои Искандару Фон (дар шарқ) ба масофаи 45-50 км тӯл кашидааст. Кӯҳҳо асосан аз оҳаксанг, варақсанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба давраҳои силуру девон мансубанд. Дар кӯҳҳои Фон, махсусан дар қисми марказии он, қуллаҳои баланди нӯктез бисёранд;
Чимтарра — 5489 м (аз рӯи маълумотҳои дигар 5487 ва 5494 м),
Ғанзаи Калон — 5415 м,
Чапдара — 5304 м,
Бодхона — 5300 м,
Москва — 5183 м,
Ғанзаи Хурд — 5031 м ва ғайра.
Қуллаҳои баланд тамоми сол барфпӯшанд; дар нишебии онҳо пиряхҳои на чандон калон (Имат, Чимтарға ва ғайра) мавҷуданд. Ба туфайли ағбаҳои баланди Аловуддин, Қазноқ ва Амшут (беш аз 4000 м) аз водии Киштӯд ба водии Фон ва Искандаркӯл роҳи пиёдагард ҳаст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, (Искандаркӯл, Кӯли Калон, Чуқурак, Ало, Аловуддин ва ғайра) мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегиранд. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё ҳафт кӯли нозанини водии Ҳафткӯл бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад.
Аз Фон рӯдҳои бисёре ҷорӣ мешаванд (калонтаринашон Пасрӯд, Сарима, Арғ, Уреч, Амшут). Ҷо-ҷои нишебии кӯҳҳо арчазору алафзоранд. Дар дараҳо зарбед, зирк, настаран, қот, мушша (мушол), ғӯш, хома, чайтан, яхак ва ғайра мерӯянд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика