Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

1076

Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон ташриф меоранд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифт буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марқадаш дар деҳаи Хоҷаисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб (Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон) воқеъ аст. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад. Нисбати мутафаккир доимо конфронсу нишастҳои фарҳанги баргузор мегарданд ва мероси Ҳамадонӣ нашр карда мешавад. Дар "Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон" (1991) ном раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев чоп шудааст. Асари Ҳамадонӣ «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб маҳфуз аст. Дар зерсохтори Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб дар шаҳри Кулоб - Осорхонаи мероси хаттӣ ва адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият карда истодааст аст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика