Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдгории геологӣ ва макони сайругашт

857Дар Тоҷикистон ҷойҳои тамошобоб зиёданд, ки дар баробари ҳамаи ин, боз ҳамчун бозёфтҳои нодир ва шоҳкориҳои табиат унвон мешаванд, ки ба мо, миллати худодод, эҳдо гардидаанд. Кӯҳи Хоҷамуъмин аз ҷумлаи ҳамин гуна маконҳост, ки дар назари аввал ҳамчун кӯҳи одӣ менамояд, вале дар асл яке аз гунбазҳои калонтарини намакини ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Кӯҳи намак ва чашмаҳои оби мусаффои Хоҷамуъмин яке аз боигариҳои табиии сарзаминамон ба ҳисоб мераванд. Кӯҳ аз сатҳи баҳр дар баландии 1338 метр воқеъ гардида, баландиаш беш аз як километр аст. Он аз намаксанги сафеди сабзгун ё бунафшбоб иборат буда, сатҳи болоиашро ҷинсҳои кӯҳии гаҷмонанд ва қабати гилин пӯшонда, ки дар натиҷаи вазиши боди афғонӣ тӯли садсолаҳо ба вуҷуд омадаанд.
Коршиносон захираи намаки кӯҳи Хоҷамуъминро 50 миллиард тонна арзёбӣ намудаанд, ки ба таъкиди онҳо, ин миқдор барои таъмини тамоми сайёра бо намак давоми сад сол басанда аст. Дар сатҳи кӯҳ буттаҳои писта, дулона, настаран, зарранг ва дигар гиёҳҳо мерӯянд. Аҷиб он аст, ки ин намуди рустаниҳо ҳатто миқдори ками намакро дар замин намепазиранд. Ба андешаи коршиносон, қабати гилини кӯҳ тунук аст, вале барои нашъунамои рустаниҳо кофист. Ғайр аз ин, дар қуллаҳои кӯҳи намакин аз мағораҳо чашмаҳои сершумор ҷӯш зада, ҷорӣ мешаванд. Миқдори онҳо дар атрофи кӯҳ қариб 160-то буда, чашмаҳои доимӣ наздик ба 30-то мерасанд. Оби чашмаҳо метавонанд асоси бунёди муҷтамаҳои муолиҷавӣ дар ин мавзеъ гарданд. Алҳол дар он ҷо чандин коргоҳҳои коркарди намак фаъолият дошта, намаки хушсифат истеҳсол менамоянд.
Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин яке аз ёдгориҳои барҷастаи геологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин мавзеъ барои омӯзиш макони бозёфтҳои нодир буда, бунёди муҷтамаҳои муолиҷавӣ ва ташкили сайругашти сайёҳон метавонад ҳам шуҳрати онро афзун намояд ва ҳам ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №37(489) аз 13-09-2018 сол




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика