Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гирифтани воситаҳои нақлиёт бо роҳи фиреб

148

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи январи соли 2018 дар кӯчаи Зеҳнии пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс СЛС-500”, ки арзишаш 36000-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини деҳаи Гулдараи шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда рӯзи 21-уми декабри соли 2018, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба боварии марди 57-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 110 000 сомонӣ нархгузорӣ карда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика