Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қатли ҳамсар дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ

Рӯзи 15-уми майи соли 2019, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корандони милитсия шавҳари зани марҳум, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъдан, шавҳараш ӯро дар селофан печонида, ба чуқурии 2-метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гуронида, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти худ аз болояш ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмониро партофтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика