Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбаладии сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсия

324

Имрӯз (17.05.с.2019), кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ як гуруҳ шаҳрвандони хориҷиро, ки аз давлати Бразилия бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, бо нону намак пазироӣ намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.

325

Мавриди қайд аст, ки дар варақаҳои иттилоотӣ, ки аз ҷониби шуъбачаи сайёҳии милитсия таҳия гардидаанд, маводҳои зиёди иттилоотӣ, аз қабилӣ маълумот дар бораи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ, ширкатҳои суғурта, симкортҳо барои сайёҳон, ширкатҳои таксӣ, фурудгоҳҳо, телефони боварӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Ба сайёҳони хориҷӣ ширкати сайёҳии «Орион-одвентур» хизмат расонида, кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсия онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд.
Сайёҳони хориҷӣ аз пазироии гарму самимии тоҷикона хеле хушҳол гардида, изҳор доштанд, ки тайи се рӯз аз шаҳри зебою дилорои Душанбе дидан намуда, сипас ба дигар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
Имрӯзҳо меҳмонону сайёҳони хориҷӣ бо шавқу завқи зиёд бо истифода аз имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳии куҳию варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ ба кишвари мо сафар намуда, аз ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва табиати дилписанд боздид менамоянд.

328

326

Маврид ба зикри хос аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ дар чор моҳи соли равон 325000 сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика