Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем

328Рӯзи 8-уми июни соли 2019 вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал - майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар қисми низомии 02011 «Г» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисми низомии мазкур дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои терроризму экстремизм» баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. баромад намуда, тариқи слайдҳо оид ба оқибатҳои ногувори терроризму экстремизм маълумоти муфассал дод.
Зикр гардид, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст.
Махсусан дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

329

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Вазъи ҷаҳони муосир имрӯз тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба анҷом расонем. Дар ин радиф ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падарону модаронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди зуҳуроти нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

330331

Дар хотимаи вохӯрӣ сарбозону афсарони қисми низомии 02011 «Г» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Азизулозода С.А. саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика