Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои марговари нақлиётӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар

Рӯзи 9-уми июни соли 2019, тахминан соати 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Байзоев Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи мағозаи “Тобон”-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Додоев Шараф Ҷӯрабоевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳраки Курушкада ва Ҳайитов Аҳмад Назирович, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, Ҳайитов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаҳрванд Додоев Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Рӯзи 10-уми июни соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Эгамқулов Мансурҷон Муқимович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Саманд”, таҳти идораи ронанда Сафарова Фотима Шарифовна, соли таваллудаш 1971, соҳибкори инфиродӣ, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. Сипас, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Умаров Ҳошимҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” Сафарова Ф.Ш. ва мусофираш Рустамов Маъруфҷон Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи 10-уми июни соли 2019, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Леганза”, Насриддинов Худобахш Саидмуъминович, соли таваллудаш 1999, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори чапи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, Насриддинов Х.С. ва мусофирони автомашинаи мазкур Шаҳобиддинов Салоҳиддин Саидмузаффарович, Алимаҳмадов Зиёратшоҳ Асомиддинович, Раҳматуллоев Қамариддин Зубайдуллоевич, соли таваллудашашон 2000, сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Шаҳрванд Насриддинов Х.С. дар бермохона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 10-уми июни соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Давлатов Амриддин Вайсиддинович, соли таваллудаш 1976, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Испечаки пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №14 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Хушвахтова Малика Сафарбековна, соли таваллудаш 2018, сокини кӯчаи Испечакро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Хушвахтова Малика ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика