Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии муомилоти молу маҳсулоти пастсифат

66

Бо мақсади таъмини амнияти бехатарии саломатии шаҳрвандон, яъне пешгирӣ аз воридот ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, ё ин ки муҳлати истифодабариаш гузашта, воридоти молу маҳсулот бидуни расмиёти гумрукӣ бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти милитсия гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуда фаъолияти босамар доранд. Ҳафтаи равон бо ташкили ҷаласаи корӣ роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳҳои кории 18 шаҳру ноҳияҳои минтақаро натиҷагирӣ намуд. Чорабиниро муовини якуми сардори Раёсат полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад оғоз бахшида таъкид дошт, ки моҳияти ин вазифагузорӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Таҳлили вазъи коргузорӣ дар ин самт дар маърӯзаи сардори шуъбаи таҳқиқи РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Орифзода Садриддин Нуриддин ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар натиҷаи амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони МКД вилояти Суғд давоми 5 моҳи соли равон 157 далели муомилоти молу маҳсулоти пастсифати ба саломати хатарнок ва фиреби истеъмолкунандаро ошкору ҳуҷҷатгузорӣ намудаанд, ки аз ин шумора 91 ҳолати он ҷиноят мебошад. Бо ошкор намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ин самт шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов 31 ҳолат, Хуҷанд 16 ҳолат, Мастчоҳ ва Ашт 13 ҳолат, Конибодом 11 ҳолат ошкор намуда, нисбат ба дигар шуъбаҳо фаъолияти хуб нишон додаанд.

67

Дар давраи ҳисоботӣ бо баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бе расмиёти гумрукӣ ва пардохти боҷи давлатӣ 89 ҳолати тариқи қочоқ ба қаламрави вилояти Суғд ворид намудани молу маҳсулот ошкору бақайд гирифта шудааст. Дар самти қонуншиканӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, боқимонда 85 ҳолат ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шудааст. Дар ин самт нишондиҳандаҳои хуб ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов 25 ҳолат, Б.Ғафуров 22 ҳолат ва Исфара -1 21 ҳолат нисбат дода мешавад.
Дар ҳудуди минтақаҳои маъмурӣ пурзур намудани назорат дар самтҳои болозикр, пешгирӣ ва роҳ надодан ба содиршавии он аз талаботҳое буд, ки зимни ҷаласа таъкид ёфт ва ба аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Гуфта шуд, ки яке аз сарчашмаҳои таъминкунандаи саломатии ҷомеа ғизои солим маҳсуб ёфта, фаъолият дар самти пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати ба саломатӣ зиёновар бояд пурзӯр карда шавад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика