Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани 3 ҳолати қаллобӣ аз ҷониби як нафар

Рӯзи 20-уми августи соли 2019, шаҳрванд Холмуродов Эраҷ, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт ба мақомоти милитсия арз намудааст, ки моҳи январи соли 2016 дар назди чойхонаи «Роҳат», воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Одинаев Карим, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ, Одинаев Карим моҳи январи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Холмуродов Беҳзод, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт, даромада аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Номбурда бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2016 ба боварии Раҷабов Паҳлавӣ, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, даромада аз ӯ 23000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика