Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардони ноболиғ дар садамаҳои нохуши нақлиётӣ

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» Эмомов Ҷ.Р., ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И.Сомонии пойтахт аз тарафи кӯчаи Сино ба самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ, дар сероҳаи кӯчаи И.Сомонӣ-Варзишгарон ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки таҳти идораи ронанда, Авлоқулов Ф.Ш., соли таваллудаш 1990, қарор дошт, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» самти ҳаракаташро тағйир надода, пиёдагардони ноболиғ: Сиёвуши Зафар, соли таваллудаш 2004, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №25 ва Муҳиддинзода Аюб, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №25, сокинони кӯчаи Варзишгаронро пахш намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш пиёдагардони ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Авлоқулов Ф.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Рӯзи 7-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 17:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Маллаев Одилҷон Толибович, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Бофандаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Свердлови ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Мирзоев Фирӯзшо Фаррухович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Мирзоев Ф.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Рӯзи 8-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 16:00, ронандаи трактори тамғаи “Т-28х4” бо ядакаш, Гурезов Раҷабалӣ Назришоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Панҷ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти заминҳои хоҷагии деҳқонии Селгаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи трактор набаромада, дучархарони ноболиғ Раҷабов Иброҳим Ибодуллоевич, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, сокини деҳаи Селгаро бо ядаки трактор пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Раҷабов И.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 06:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Саидов Муҳиддинҷон Тӯхтабоевич, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Сомғор-Ашт», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдураҳмонова Шоира Абдувоситовна, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Бӯстонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Абдураҳмонова Ш.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuno

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика